Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳо Ҷаласаи вазирони кишоварзии давлатҳои Осиёи Марказӣ

Ҷаласаи вазирони кишоварзии давлатҳои Осиёи Марказӣ

02.11.2021

         Санаи 2 ноябри соли равон таҳти раёсати Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ  дар ҳамбастагӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) нишасти чаҳоруми  вазирони кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар мавзӯи “Таъсири оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим ва ҳолатҳои фавқулодда ба соҳаи кишоварзӣ” ба таври маҷозӣ баргузор карда шуд. 

          Дар кори ҷаласа вазирони кишоварзии давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зиёзода Сулаймон Ризоӣ,  Ҷумҳурии Қазоқистон - Ербол Карашукеев, Ҷумҳурии Қирғизистон – Джанибеков Аскарбек Сапарбекович,  Ҷумҳурии Узбекистон - Ходжаев Жамшид, муовини директори генералии Намояндагии минтақавии ФАО дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ - Владимир Рахманин ширкат варзиданд. 

         Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур, омӯзиш ва табодули таҷриба байни давлатҳои Осиёи Марказӣ доир ба таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳолатҳои фавқулодда ба соҳаи кишоварзӣ мебошад.

        Дар ҷаласаи мазкур маҷмӯи масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид.

        Қайд гардид, ки тағйирёбии иқлим яке аз мушкилотҳои асосии соҳаи кишоварзӣ дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Дар соҳаи кишоварзӣ, сарчашмаҳои хатарҳои вобаста ба обу ҳаво ва иқлим бисёр ва гуногунанд: захираҳои маҳдуди об, хушксолӣ, биёбоншавӣ, таназзули замин, эрозия, жола, обхезӣ, сармоҳои барвақт ва дигар омилҳо. Вохӯрии имрӯза саривақтӣ буда, зеро кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳоло нақшаҳои миллии худро оид ба тағирёбии иқлим дар ҳамбастагӣ таҳия намуда,  баҳри дар амал татбиқ намудани он талош меварзанд.

       Ҳамзамон вазирони кишоварзии давлатҳои Осиёи Марказӣ, муовини директори генералии ФАО, намояндаи минтақавӣ дар Аврупо ва намояндагони ниҳодҳои дигари СММ ва байналмилалии молӣ дар доираи масъалаҳои марбутаи ҷаласа изҳори ақида намуданд.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот