Мулоқоти вазири кишоварзӣ бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Чехия
Санаи 4 ноябри соли 2021 мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Чехия Вацлав Йилек дар фазои дӯстиву бародарӣ баргузор гардид. Дар доираи мулоқоти мазкур масъалаҳо оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ ва табодули таҷриба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти кишоварзӣ иброз намуда, дар оянда барои идома додани машваратҳо байни Тоҷикистону Чехия вобаста ба имкониятҳои ҳамкориҳо, дар хусуси содироту воридоти техника, тухмии картошкаву гандум, нахи пахта, меваву сабзавоти тару тоза ва нигоҳдории онҳо, бунёди боғҳои интенсивӣ, чорвои калон ва гушти он, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ қайд гардид. Дар анҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳаматарафа ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба изҳори назар намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия аз 5 июни соли 1992 барқарор шуда, то имрӯз дар самтњои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, гардиши молу маҳсулот афзоиш ёфта истодаанд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот