Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоСафари кории Вазири кишоварзӣ ба шаҳри Конибодоми вилояти Суғд

Сафари кории Вазири кишоварзӣ ба шаҳри Конибодоми вилояти Суғд

06.11.2021

       6 ноябри соли равон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар доираи сафари корӣ бо максади дидан намудан аз рафти ҷамъоварии ҳосили пахта, ғаладонагиҳо, сабзавот, хўроки чорво, ҳолати гармхонаҳо ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ба шаҳри Конибодом ташриф оварданд. Вазири кишоварзӣ Зиёзода Сулаймон бо раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тухтасунзода ва сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Олимбек Юлдошзода пешвоз гирифтанд.

        Аз ҷумла, аз рафти ҷамъоварии ҳосили пахтаи хоҷагии деҳқонии Эркабоеви Ҷамоати деҳоти А.Лоҳутии шаҳри Конибодомро дидан намуданд. Хоҷагии мазкур дар маҷмӯъ дорои 149 гектар замин буда, имсол дар 101 гектар пахта ва дигар сабзавоту маҳсулотҳо кишт кардааст. То имрўз хоҷагӣ 240 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ карда шуда, чинаки он идома дорад.

        Ҳамзамон аз гармхонаи замонавии хоҷагии Баҳористони Ҷамоати деҳоти А.Лоҳутии шаҳри Конибодом, ки сабзавоти барвақтӣ, навъҳои серҳосили помидору бодиринг бо усулҳои муосир ба майдони 0,70 га парвариш карда мешавад, дидан намуданд. Ҳамзамон ба масъулин Сулаймон Зиёзода барои меҳнати пурмаҳсул дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот дар шароити гармхона ҳама фасли сол фаъолияти назаррас ва дар таъмини бозор бо сабзавоти тару тоза саҳми арзанда доранд, ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва гирифтани ҳосили зиёд дастуру пешниҳод ва тавсияҳои муфид доданд.

        Дар ҷараёни сафар ба хоҷагии Зулайхо Акрамоваи Ҷамоати деҳоти Ҳамробоев барои дидан намудан аз рафти ҷамъоварии ҳосили пахта ташриф оварданд. Имсол хоҷагидорони Ҷамоати деҳоти Ҳамробоев ба майдони 1553 гектар пахта кишт намуда, то имрўз 3200 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот