Конференсияи илмии сатҳи баланд бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон.
09.11.2021
Санаи 9-уми ноябри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Конференсияи сатҳи баланди илмӣ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар Конференсияи мазкур Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Рустам, Раиси Кумитаи Марказии Иттифоқҳои касабаи комплекси агросаноатӣ Сафаров Миралӣ Сафарович, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Файзуллозода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, директорони Институтҳои АИКТ, олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва намояндагони телевизион ва радиои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз иштирокчиён ва меҳмонон аз намоиши дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, ки дар саҳни Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба марази тамошо гузошта шуда буд аз қабили маҳсулотҳои тару тозаи кишоварзӣ, навъҳои гуногуни тухмиҳои хушсифат, дастовардҳои соҳаи чорводорӣ, парвариши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар гармхонаҳо ва ғайраҳо дидан намуданд.
Конференсияро Президенти АИКТ Асозода Н. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозирин ва меҳмононро бо ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфт.
Сипас, суханронии Вазири кишоварзӣ Зиёзода С.Р. Сардори раёсати кишоварзӣва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Рустам, Раиси Кумитаи Марказии Иттифоқҳои касабаи комплекси агросаноатӣ Сафаров Миралӣ Сафарович, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Файзулозодда ва ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Маҳмадёрзода Усмон шунида шуданд.
Инчунин, дар рафти конференсияи мазкур баромадҳои олимони соҳаи парандапарварӣ, картошкапарварӣ бо презентатсияҳо намоиш дода шуд.
Дар фарҷом аз ҷониби роҳбарият ба олимону мутахассисони соҳа барои дастовардҳои ноилгашта дар соҳаи кишоварзӣ аз рӯи 31-номинатсия тӯҳфаҳои хотирмон супорида шуд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот