Вохӯрӣ бо хоҷагиҳои тухмипарварӣ
09.11.2021
9-уми ноябри соли 2021 дар вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири кишоварзӣ Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур масъалаи дар оянда таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ бо тухмиҳои хушсифати ба тағйирёбии иқлим мутобиқи зироатҳои кишоварзӣ, баҳри гирифтани ҳосили баланд баррасӣ гардид.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот