Баргузории семинари SHEP
9-уми ноябри соли 2021 дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Лоиҳаи ҳамкориҳои техникии JICA семинари SHEP - Баланд бардоштани имкониятҳои хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ва пешбурди фаъолияти онҳо баргузор шуд.
Дар семинари мазкур муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршои Зеваршо Тайғуншозода, мушовири калони JICA Доктор Ҷиро Айкава, Департаменти рушди иқтисоди JICA Доктор Томоми Хасегава, мушовири равиши SHEP Доктор Кумико Шуто ва кормандони раёсатҳои дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки JICA масъалаи тақвияти низоми хизматрасониҳои машваратиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи татбиқи “Равиши SHEP” ва сафарбар намудани гурӯҳи коршиносон ва ташкили омӯзишҳо дастгирӣ менамояд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот