Мулоқоти Вазири кишоварзӣ бо роҳбарони корхонаҳои парандапарварии мамлакат!
10-уми ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзӣ мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо роҳбарон ва намояндагони корхонаҳои парандапарварии мамлакат доир гардид.
Чорабиниро Вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода ифтитоҳ намуда, иброз карданд, ки ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 22 декабри соли 2017 соҳаи парандапарвариро яке аз самтҳои афзалиятнок оид ба истеҳсоли маҳсулоти озуқа эълон намуданд ва бо мақсади рушди соҳаи парандапарварӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ҷорӣ кардани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзҳо ба масъулин дастур доданд. Дар ин самт ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз семоҳаи аввали соли 2018 соҳаи парандапарварӣ аз пардохти андозҳо ба муҳлати 6 сол озод гардида, инчунин воридоти технологияву таҷҳизот ва маводҳо барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ аз пардохти андозҳо ва боҷи гумрукӣ озод карда шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва татбиқи амалии имтиёзҳои мазкур соҳаи парандапарварӣ бо суръат рушд ёфта, дар се соли охир шумораи корхонаҳои парандапарварии ҷумҳурӣ аз 109 адад ба 202 адад расонида шуд, ки мутаносибан 93 адад зиёд мебошад.
Дар даҳ моҳи соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 833 миллиону 600 ҳазор дона тухм ва 34,7 ҳазор тонна гӯшти паранда истеҳсол карда шудааст. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли тухм 48 миллиону 200 ҳазор дона ва гӯшти паранда 11,8 ҳазор тонна зиёд гардидааст.
Вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода ба масъулини соҳаи парандапарварӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти паранда, таъмини бозорҳои истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва коҳиш додани воридоти маҳсулоти паранда аз хориҷи кишвар дастуру супоришҳо доданд.
Дар фарҷом барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаи парандапарварӣ ва таъмини яке аз стратегияҳои мамлакат амнияти озуқаворӣ чанд нафар бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот