Ташрифи намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ба Вазорати кишоварзӣ
Санаи 9 декабри соли равон намояндагони Бонки ҷаҳониро муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ ба ҳузур пазируфт.
Муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ ба намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди кишвар барои ҳамкории муассир дар рушди бахши кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар ва ҳамчунин барои таҳияи консепсияи лоиҳаи нав оид ба «Беҳтар намудани устувории бахши кишоварзии Тоҷикистон», ки ба баланд бардоштани устувории бахши кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи пас аз пандемия нигаронида шудааст, изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Ҳадаф аз баргузории мулоқот баррасии масъалаи тиҷорати электронии соҳаи кишоварзӣ буда, ҳолати имрӯзаи тиҷорати электронии кишоварзӣ ва рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаронӣ гардид. Аз ҷумла, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Чию Ниу қайд намуд, ки платформаи тиҷорати электронӣ ба кишоварзон ва истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои кишоварзӣ имконият медиҳад, ки маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми мамлакатҳои олам муаррифӣ гардад ва эътибори харидорону сармоягузорони соҳа чалб шавад ва барои рушди минбаъдаи соҳа замина гузорад. Тибқи баҳодиҳии Бонки ҷаҳонӣ масъалаи сертификатикунонӣ, банду баст, нишонагузории маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирӣ ниёз дошта, тиҷорати электронӣ имконият медиҳад, ки масъалаи мазкур ба таври систематикӣ давра ба давра ҳалли худро ёбад.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ташриф ва қабули самимӣ ба ҳамдигар изҳори миннатдорӣ намуданд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот