Маслиҳати мутахассис! Яхобмонии дарахтони мевадиҳанда.
Аз тирамоҳ шудгор кардани байни қаторҳо ва побел кардани атрофи бехи дарахтон дар қатор барои ворид ва захира шудани намии табии аз ҳисоби барфу борон хело мусоидат мекунад.Чорабиниҳои нигоҳ доштани намӣ захирашуда, дар хок аз ҷумла пай дар пай нарм кардани хок дар давраи нашъу нумӯи дарахтон (шудгор, сихмола ва молакунӣ бавоситаи механизмҳо ё дасти) ва рӯйпушкунии хок бо ашёҳои гуногун ба ҳисоб мераванд. Дар боғҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ, ки имконияти обтаъминкунӣ доранд дар фасли зимистон ҳатман яхобмонӣ ва обмонӣ захиракунии нам (моҳҳои декабр-апрел) гузаронида шавад. Вобаста аз шароити таъмини сарчашмаҳои обёрикунанда ва миқдори намии табии 1-2 маротиба бо меъёри 1200-1500м3 дар як гектар яхоб мондан зарур аст. Усули асоси ин ба ҷӯякҳо об мондан мебошад. Ҷӯяки якум 60-90 см аз танаи дарахтон ва ҷӯякҳои боқимонда 100 см аз якдигар дуртар кашида мешаванд. Ба релефи замин нигоҳ карда дарозии ҷӯякҳо аз 50 то 130 м бояд бошад. Обро ба миқдоре бояд сарф кард, ки ҳамин масофаро дар муҳлати 2-3 рӯз то охири ҷӯяк расад, то ки қабати 2- метраи хок намнок гардад.
Аҳамияти яхобмонӣ:
- захира намудани намӣ барои давраи афзоиш;
- паст намудани ҳарорати хок то 3-4 дараҷа ва тобовар гаштан дарахтон ба хунукӣ;
-беҳтар намудани структураи хок ва фаъолияти микроорганизмҳои хок;
- нест кардани ҳашаротҳои зараррасони дар хок маскан гирифта;
- аз бармаҳал бедоршавии дарахтонро нигоҳ медорад.
Раҳматов Сулаймон - мудири шуъбаи мевапарварӣ ва
буттамевагиҳои Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот