ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид, ки кормандони дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро дар толори вазорат дастаҷамъона тариқи телевизион мустақиман тамошо намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро дар солҳои оянда муайян намуда, доир ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, кишоварзӣ,фарҳанг, илму маориф, амнияту мудофиа, роҳу нақлиёт, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, энергетика, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар соҳаҳо ба соҳаи кишоварзӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, баҳри рушди минбаъдаи соҳаи мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот