Боздид аз фаъолияти Комплекси чорводории ҶДММ “Мармарӣ”-и ноҳияи Ёвон
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ Комплекси чорводории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” ташриф оварданд.
Ҷамъияти мазкур бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.
Айни замон дар Маҷмааи мазкур 1500 сар чорвои калони шохдори самти гуштиву наслдеҳ нигоҳубин карда шуда истодааст. Иқтидори ферма барои нигоҳубини 3500 сар чорвои калони шохдори зоти гӯштиву наслдеҳ пешбинӣ шудааст.
Дар маҷмаа зотҳои гуногуни чорво мавҷуд буда, ҳамаи корҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир ба роҳ монда шуда, оғилхонаҳо барои нигаҳдории чорво, анборҳо барои захираву нигаҳдории хӯрок ташкил гардидааст.
Комплекси чорводории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” ҷиҳати фаровонии бозори истеъмолии пойтахти мамлакат бо гӯшти аълосифат ва таъмини яке аз стратегияҳо таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзадаи худро гузошта истодааст.
Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон