Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоСафари кории Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор ба ноҳияи Нуробод

Сафари кории Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор ба ноҳияи Нуробод

09.04.2022

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 30 марти соли ҷорӣ дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намудаанд, намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор бо ҳамроҳии Раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон ба Ҷамоату деҳотҳои ноҳияи Нуробод ташриф оварда, бо фаъолону масъулин ва сокинони ҳудуди ҷамоатҳо вохӯрию мулоқот баргузор намуда, оид ба моҳияти нуқтаҳои асосии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, масъалаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотӣ дар ин самт, истифодаи сарфакоронаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо, ба роҳ мондани кишти зироатҳо, зиёд намудани майдони кишти картошка, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бунёди корхонаву коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ, хизматрасонӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии мардум дар деҳот, бунёди инфрасохторҳои муҳими иҷтимоӣ дар деҳот, таъмири роҳҳо ва беҳсозии вазъи муассисаҳои маорифу тандурустӣ дар деҳотҳо ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

Бояд қайд кард, ки дар давоми як ҳафта Вазири кишоварзӣ Каримзода С.Ғ. бо фаъолони тамоми Ҷамоату деҳаҳои ноҳияи Нуробод мулоқоту вохӯриҳо доир намуда, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон, баланд бардоштани сатҳу сифати некуаҳволии аҳолии мамлакат, бунёду аз навсозии иншоотҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, роҳҳо, сафарбар кардани мардум ба корҳои ободонию созандагӣ, истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ин самт ва дигар масъалаҳо андешаҳои худро иброз сохт.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти ВКҶТ