Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоСафари кории муовини якуми Вазири кишоварзӣ ба вилояти Суғд

Сафари кории муовини якуми Вазири кишоварзӣ ба вилояти Суғд

05.05.2022

 
Бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла нашъунамои ғаллазор, пахта ва картошкаи барвақтӣ муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Музаффар Бурҳон ба ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамени вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод. Дар сафар муовини якуми Вазири кишоварзиро намояндаи Сарраёсати кишоварзии вилоят Шарифиён Маруфҷон, муовинони раис ва сардорони раёсатҳои кишоварзии ноҳияҳои зикргардида ҳамроҳӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки мутобиқи маълумоти оморӣ кишти ғалладонаи тирамоҳӣ дар миқёси вилоят 32715 га, аз ҷумла дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 2697 га, Ҷаббор Расулов 1972 га ва Спитамен 1568 га-ро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон аз рўи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 03.05.2022 кишти пахта дар вилоят дар майдони 58594 га, аз он дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров дар майдони 8002 га, Ҷаббор Расулов 5600 га ва Спитамен 6401 га гузаронида шуда, иҷрои дурнамои кишти пахта дар ин ноҳияҳо пурра таъмин гардидааст.
Айни замон ҳолати нашъунамои ғаллазор дар ин ноҳияҳо хуб буда, мавсими хушабандӣ ба итмом расидааст. Кишти пахта бо риояи талаботи агротехникӣ ва истифодаи тухмии навъҳои ватанию хориҷӣ гузаронида шудааст.
Ҳамзамон санаи 4-уми май Ситод бо иштироки муовинони раиси вилоят, шаҳру ноҳияҳо, сардори сарраёсати кишоварзӣ ва сохторҳои вилоятӣ, раёсату шўъбаҳои кишоварзӣ, кумитаҳои замин, бехатарии озуқаворӣ, идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ, омор ва хоҷагии ҷангали шаҳру ноҳияҳои вилоят баругзор гардид.
Дар ситоди мазкур оид ба иҷрои саривақти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамазамон рафти корњо дар соҳа, иҷрои саривақтии дурнамо дар миқёси вилоят, амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои холимонда, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо, назорати истифодаи мақсадноку самараноки қитъаҳои замин ва таъмин намудани майдонҳои кишт бо оби полезӣ ва барои таъмини бозорҳо бо маҳсулотҳо аз ҷониби муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Мирзозода дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуданд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот