Гузориш: Сафари кории муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Мирзозода ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кулоб
Бо мақсади дида баромадани корҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла парвариши боғи интенсивӣ ва рафти сохтмони корхонаи парандапарварӣ - муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Мирзозода ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кулоб сафари корӣ анҷом доданд. Дар рафти сафари корӣ аз рафти парвариши боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии Бобои Шамс дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин боздид намуданд. Боғи мазкур дар майдони 1 гектар бунёд гардида, дар он 3 навъи дарахтони себ парвариш гардида истодааст.
Ҳамзамон аз рафти сохтмони корхонаи парандапарварӣ дар Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кулоб дидан намуданд. Корхонаи мазкур барои парвариши мурғи самти гӯшти бунёд гардида истодааст. Айни замон сохтмон ва муҷҷаҳаз гардонидани як бинои корхона барои павариши 12 ҳазор сар чӯҷаи гуштӣ ба анҷом расида, дар бинои дуюм корҳои сохтмонӣ идома дорад. Дар сурати ба пуррагӣ ба итмом расонидани сохтмони корхона иқтидори солонаи истеҳсолии он 500 тонна гӯшти паранда мебошад. Ҳамзамон зиёда аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи нави корӣ таъмин гардида, маҳсулоти истеҳсоли корхона барои таъмини бозорҳои шаҳри Кулоб равона карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки маҳз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таи солҳои охир бо истифодаи имтиёзҳои додашуда дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корхонаҳои нави парандапарварӣ бунёд гардида истодаанд. Иқдоми мазкур барои таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти истеҳсолии ватанӣ мусоидат намуда истодааст.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон