Гузориши матбуотӣ ба санаи 23.09.2022

Рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ.
Дар асоси маълумоти Раёсати растанипарварии вазорат дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ тибқи маълумоти омории 4-кишоварз 181541,5 гектар кишти пахта гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 57199 гектар, дар вилояти Хатлон 121694 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 2689 гектар мебошад.
Тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ 425000 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 23.09.2022 ҳосили ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 137256,9 тонна буда, ба вилояти Суғд 33178 тонна, ба вилояти Хатлон 102740 тонна ва ба НТҶ 1339 тонна рост меояд. Ҷамъоварии ҳосили пахта дар шаҳру ноҳияҳои пахтапарвар бомаром идома дорад.
Рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишти ғалладонагиҳо тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 304003 гектар буда, ба ВМКБ 4149 гектар, вилояти Суғд 107654 гектар, вилояти Хатлон 141376 гектар, Душанбе 752 гектар ва ба НТҶ 50026 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 23.09.2022 майдони даравидашуда дар ҷумҳурӣ 288868 гектар буда, ба ВМКБ 2746 гектар, ба вилояти Суғд 96935 гектар, вилояти Хатлон 139551 гектар, Душанбе 710 гектар ва ба НТҶ 48896 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 31,1 сентнер буда, ба ВМКБ 16,1 сентнер, ба вилояти Суғд 26,3 сентнер, вилояти Хатлон 36 сентнер, Душанбе 24 сентнер ва ба НТҶ 28 сентнер рост меояд.
Ҳосили умумии ғалладонагиҳои ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 894346 тоннаро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, майдони кишти гандум 210435 гектар буда, ба ВМКБ 2059 гектар, вилояти Суғд 46153 гектар, вилояти Хатлон 122580 гектар, Душанбе 524 гектар ва ба НТҶ 39119 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 23.09.2022 майдони даравидашуда дар ҷумҳурӣ 209909 гектар буда, ба ВМКБ 1533 гектар, ба вилояти Суғд 46153 гектар, вилояти Хатлон 122580 гектар, Душанбе 524 гектар ва ба НТҶ 39119 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 34,1 сентнер буда, ба ВМКБ 17,0 сентнер, ба вилояти Суғд 35,0 сентнер, вилояти Хатлон 36,0 сентнер, Душанбе 26 ва ба НТҶ 27,8 сентнер рост меояд.
Ҳосили умумии гандуми ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 714546 тоннаро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 32158 гектар буда, ба ВМКБ 1270 гектар, вилояти Суғд 15309 гектар, вилояти Хатлон 5817 гектар ва ба НТҶ 9765 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 23.09.2022 майдони ҷамъовари кардашуда дар ҷумҳурӣ 17244 гектар буда, ба ВМКБ 453 гектар, ба вилояти Суғд 6759 гектар, вилояти Хатлон 5639 гектар ва ба НТҶ 4393 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 208 сентнер буда, ба ВМКБ 144 сентнер, ба вилояти Суғд 233 сентнер, вилояти Хатлон 177 сентнер ва ба НТҶ 214 сентнер рост меояд.
Ҳосили умумии картошкаи ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 358457 тоннаро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 38466 гектар буда, ба ВМКБ 410 гектар, вилояти Суғд 9240 гектар, вилояти Хатлон 20687 гектар ва ба НТҶ 8129 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 23.09.2022 майдони ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 34678 гектар буда, дар ВМКБ 204 гектар, дар вилояти Суғд 6008 гектар, дар вилояти Хатлон 20568 гектар ва НТҶ 7898 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 311 сентнер буда, ба ВМКБ 157 сентнер, ба вилояти Суғд 284 сентнер, вилояти Хатлон 319 сентнер ва ба НТҶ 317 сентнер рост меояд.
Имрӯзҳо кишоварзони мамлакат аз ҳисоби умумии ҳосили сабзавот, ки 1079509 тоннаро ташкил медиҳад: 446107 тонна пиёз, 45682 тонна карам, 231062 тонна помидор, 117089 тонна бодаринг, 109736 тонна сабзӣ ва 129832 тонна дигар намуди сабзавот рост меояд.
Рафти ҷамъоварии полезӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 17492 гектар буда, ба вилояти Суғд 3853 гектар, вилояти Хатлон 12982 гектар ва ба НТҶ 657 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 23.09.2022 майдони ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 16719 гектар буда, Суғд 3427 гектар, дар вилояти Хатлон 12709 гектар, дар НТҶ 583 гектар ва ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ 298 сентнер буда, ба вилояти Суғд 274 сентнер, вилояти Хатлон 310 сентнер ва ба НТҶ 183 сентнер рост меояд.
Ҳосили умумии полезиҳои ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 498338 тоннаро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии меваю ангур дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 23.09.2022 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 176476 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст. То имрӯз ҷамъоварии мева ба ВМКБ 1802 тонна, ба вилояти Суғд 61208 тонна, ба вилояти Хатлон 90012 тонна, ба НТҶ 23454 тонна рост меояд.
Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ ба миқдори 72369 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст. То имрӯз ҷамъоварии ангур ба вилояти Суғд 14853 тонна, ба вилояти Хатлон 29473 тонна, ба НТҶ 28043 тонна рост меояд.
Рафти кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 95961 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шавад, тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 02.09.2022 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 197614 гектар кишт гузаронида шуд.
Аз ҷумла, дар ВМКБ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 96 гектар, иҷро шуд 123 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 30100 гектар буда, иҷро шуд 40051 гектар, дар вилояти Хатлон нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 130505 гектар буда, иҷро шуд 131953 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 26443 гектар буда, иҷро шуд 25487 гектар мебошад.
Рафти ҷамъоварии хӯроки чорво дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва замбуриасалпарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 1997990 тонна хӯроки дурушт ва 100280 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад. Аз ҷумла, тибқи дурнамо дар ВМКБ 55200 тонна хӯроки дурушт, вилояти Суғд 580150 тонна хӯроки дурушт ва 24300 тонна хӯроки ширадор, дар вилояти Хатлон 940430 тонна хӯроки дурушт ва 47600 тонна хӯроки ширадор, дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 422210 тонна хӯроки дурушт ва 28380 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ ва дар шаҳри Душанбе 18200 тонна хӯроки дурушт ҷамъоварӣ карда шавад.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва замбуриасалпарварии вазорат ба санаи 23.09.2022 дар ҷумҳурӣ 1915551 тонна хӯроки дурушт ва 48559 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шуд. Аз ҷумла, дар ВМКБ 26500 тонна хӯроки дурушт, вилояти Суғд 474177 тонна хӯроки дурушт ва 13700 тонна хӯроки ширадор, дар вилояти Хатлон 1006435 тонна хӯроки дурушт ва 19959 тонна хӯроки ширадор, дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 396753 тонна хӯроки дурушт ва 14900 тонна хӯроки ширадор ва дар шаҳри Душанбе 11686 хӯроки дурушт ҷамъоварӣ карда шавад.
Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ.
Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 сентябри соли 2022 воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1289 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 490 адад, комбайни ғалладарав 28 адад, ядаки трактор 15 адад, мошини алафдаравӣ 9 адад, испори тракторӣ 180 адад, ҳаллакубак 17 адад, кулухмайдакунак (фреза) 15 адад, култиватор 5 адад, тойбанду тагрезчин 89 адад, дорупошак 22 адад, нурипошак 67 адад, картошкаканак 6 адад ва картошкашинонак 1, алафдаравак 21 адад.
Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.09.2022 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27470 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, 74%-и он омодаи кор мебошад. Аз он 1589 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1100 адад комбайни ғалладарав, 8821 адад ядакҳои тракторӣ, 10291 адад испорҳои тракторӣ, 3387 адад култиваторҳо, 2301 адад тухмипошакҳо аз он: 1885 адад тухмипошакҳои пахта, 1476 адад достҳои тракторӣ, 825 адад тойбанду тагрезчин, 137 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 19 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 468 адад картошкаканакҳо, 192 адад картошкашинонакҳо, 36 адад мошини пахтачинӣ ва 292 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот Тел: 2-35-39-23