Баргузории ҷаласаи якуми гурўҳи кории муштарак дар соҳаи кишоварзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
26.09.2022
Санаи 23 сентябри соли равон бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ мулоқоти муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон Элчин Зайналов ба таври маҷозӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи якуми Гурўҳи кории муштарак ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ низ иштирок намуд.
Дар доираи ҷаласа масъалаи гардиши савдои маҳсулоти кишоварзӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардида, бо дарназардошти афзоиши иқтидори содиротӣ ба Озарбойҷон маълумот доир ба номгўи маҳсулотҳои афзалиятноки ба содирот нигаронидашуда пешниҳод гардид.
Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон Элчин Зайналов оид ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи чорводорӣ ҷиҳати аз Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани қутос ба минтақаи Қаробох ҳавасмандии худро баён намуд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаи мазкур сараввал аз ҷониби мутахассисони соҳавии кишварҳои тарафайн таҳти омўзиш қарор гирифта, дар сурати мутобиқат намудан ба иқлими минтақаи Қаробох тибқи тартиб қутос аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон интиқол дода мешавад.
Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ доир ба масъалаи аз Ҷумҳурии Озарбойҷон ворид намудани чорвои хушзот ва хўроки моҳиро пешниҳод намуда, барои дар амалӣ кардани масъалаи мазкур чораандешии саривақтиро иброз дошт.
Инчунин доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи навъсанҷӣ тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки навъҳои нави пахта, шолӣ ва дигар намуди зироати афзалиятноки соҳаро, ки иқтидори хуби ҳосилдиҳӣ доранд мубодила намуда, ҳамкориро дар доираи лоиҳаҳои навъҳои пешпази пахта ва шолӣ оғоз менамоянд.
Ҳамзамон дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи кишоварзӣ бошад, аз ҷониби намояндагони Ҷумҳурии Озарбойҷон қайд гардид, ки соли ҷорӣ аз ҷониби Донишгоҳи давлатии аграрии Озарбойҷон 10 бурсия барои донишҷўёни тоҷик ҷудо карда шудааст. Дар баробари ин, аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур пешниҳод гардид, ки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти дуфосила (дудиплома) миёни донишҷўён ба роҳ монда шавад. Инчунин изҳори ҳавасмандӣ барои таҳсил дар риштаи магистратура, аспирантура ва докторантура ва ҷудо намудани бурсияҳо дар соҳаҳои вирусология, микробиология, генетика ва биотехнология баён гардид.
Инчунин ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар самти боғу токпарварӣ ва бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Намояндагони Ҷумҳурии Озарбойҷон барои бунёди боғи дўстӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон изҳори миннатдорӣ намуда, барои ҳамкорӣ дар самти содироти дарахтони каштан, розмарин ва зайтун ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хешро изҳор намуданд.
Дар маҷмўъ, ҷаласаи доир гардида, бо дарназардошти пешниҳодҳои матраҳшуда ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки Харитаи роҳи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзиро таҳия намуда, самтҳои ҳамкориро дақиқан нишон медиҳанд. Дар оянда бо пайгирӣ аз масъалаҳои афзалиятноки дар Харитаи роҳ нишондодашуда ҳамкориҳо тақвият мебахшанд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон