Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоПахта - тиллои сафед

Пахта - тиллои сафед

29.09.2022

 

Иқлими Тоҷикистон барои рушди истеҳсоли пахта хело муфид буда, кишоварзони ҷумҳурӣ кўшиш  мекунанд, ки майдони кишти пахтаро сол аз сол зиёд намоянд. Он ашёи хом ба шумор рафта, дар бозорҳои ҷаҳонӣ талаботи зиёд дорад. Чунки тамоми либосҳое, ки аз пахта омода мешаванд пеш аз ҳама ба саломатии инсон таъсири мусбӣ расонида, безарар мебошад.

Аз пахта инчунин ғизои хўрока ба мисли равған низ омода мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки замини кам дорад ва дар истеҳсоли пахта мушкили мекашанд.

Масъалаи асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба маҳсулоти худи таъмин намудани эҳтиёҷи мардум аст ва ба кор даровардани заминҳои нав ва барқарор намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берун монда мебошад.

Пахта ҷинсӣ аз растании бисёрсолаи дар шароити кишоварзӣ яксола кардашуда мебошад, ки онро барои нахаш парвариш мекунанд. Аз нах, чигит, курак, реша, поя, барг ва пахта зиёд карда мешавад.

Аз 1-тонна ҳосили пахта ба ҳисоби миёна 320-580 ва дар баъзе навъҳои фоизи баромада нахашон зиёд то 400 кг(навъи Сорбон, Хоразм-127, Зарафшон-1 ва Бухоро -6) нах, 560-580 то 600 кг чигит ва 40 кг улюк-патреза ва чигиту нахи бордорнашуда гирифта мешавад.

Аз 1-кг нахи он 20 метр батист, 5 метр газвори гуногун ва ё 140 ғалтак (ресмон) гирифтан мумкин аст ё 140 дона ғалтак (ресмон) тайёр кардан мумкин аст.

Инчунин, аз нахи ришта, ресмон, лавозимоти моҳидорӣ, лентаҳои барқногузарон, шоҳии сунъӣ, рўйпуши симҳои барқӣ ва ғайраҳо  тайёр менамоянд.

Нахи баъзе намудњои пахтаро дар саноати мошинбарорӣ( чархи мошинҳо) ва истеҳсол намудани парашут, фотокиноплёнка, моддаҳои синтетикӣ, (селлулоид), лакҳо ва қоғази аълосифат истифода мебаранд.

Хусусиятҳои биологӣ

Буттаи пахта, ки аз мамлакатҳои тропикӣ баромадааст, ба гармӣ талаботи хоса дорад.

Чигити пахта дар ҳарорати 14-16оС неш зада, барои аз сар гузаронидани давраи баҳори 20-30оС гармӣ лозим аст. Майсаҳои нав сабзидаи он аз хунукињои на чандон зиёд нест шуда, 3-4оС хунукии тирамоҳӣ боиси нобудшавии буттаи пахта мегардад. Ҳарорати 25-30оС гармӣ лозим аст.

         Майсаҳои нав сабзидаи он аз хунукиҳои на чандон зиёд нобут шуда, 3-4оС хунукии тирамоҳӣ боиси нобудшавии буттаи пахта мегардад. Ҳарорати 25-30оС барои нашъунамои хуби пахта давраи беҳтарин мебошад. Ҳангоми аз 25оС пас фаромадани ҳарорат нашъунамои буттаи пахта суст мешавад.

         Аз 1оС зиёд шудан ҳарорати ҳаво дар баҳору тирамоҳ нисбати тобистон барои сабзишу инкишофи буттаи пахта аҳамияти бештар дорад. Ҳарорати аз 0оС паст барои буттаи пахта ҳалокатовар аст.

         Майсаҳои пахта аз таъсири кўтоҳмуддати хунукии саҳарӣ (1-2оС) ва растаниҳои бутун 3-5оС хукукӣ нест мешаванд.

         Гармии зиёд шароити ғизогирии буттаи пахтаро бад намуда, баромади нахро аз меъёр паст намуда, дарозии мустаҳкамии онро кам мекунад. Аз норасоии гармӣ бошад, нах кўтоҳу заиф гашта, чигит хуб инкишоф намеёбад.

         Парвариши тиллои сафед дар Тоҷикистони биҳиштосои мо, ки дорои  иқлими мусоид  аст барои рушду нуму пахта дар оянда низ  кишоварзини кишвар камари ҳиммат хоҳанд баст.

  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон