Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоГузориши матбуотӣ ба санаи 30.09.2022

Гузориши матбуотӣ ба санаи 30.09.2022

03.10.2022

Рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳур 

Дар асоси маълумоти Раёсати растанипарварии вазорат дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ тибқи маълумоти омории 4-кишоварз 181541,5 гектар кишти пахта гузаронида шуд. Аз ҷумла,  дар вилояти Суғд 57199 гектар, дар вилояти Хатлон 121694 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 2689 гектар мебошад.

Тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ 425000 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 30.09.2022 ҳосили  ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 195764,5 тонна буда, ба вилояти Суғд 55863 тонна, ба вилояти Хатлон 137476 тонна ва  ба НТҶ 2426 тонна рост меояд. Ҷамъоварии ҳосили пахта дар шаҳру ноҳияҳои пахтапарвар бомаром идома дорад.

 

Рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ. 

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишти ғалладонагиҳо тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 304003 гектар буда, ба ВМКБ 4149 гектар, вилояти Суғд 107654 гектар, вилояти Хатлон 141376 гектар, Душанбе 752 гектар ва ба НТҶ 50026 гектар рост меояд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 30.09.2022 майдони даравидашуда дар ҷумҳурӣ 290208 гектар буда, ба ВМКБ 3970 гектар, ба вилояти Суғд 96935 гектар, вилояти Хатлон 139620 гектар, Душанбе 740 гектар ва ба НТҶ 48943 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як  гектар 31,1 сентнер буда, ба ВМКБ 16,6 сентнер, ба вилояти Суғд 26,3 сентнер, вилояти Хатлон 36 сентнер, Душанбе 24 сентнер ва ба НТҶ 27 сентнер рост меояд.

Ҳосили умумии ғалладонагиҳои ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 896241 тоннаро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, майдони кишти гандум 210435 гектар буда, ба ВМКБ 2059 гектар, вилояти Суғд 46153 гектар, вилояти Хатлон 122580 гектар, Душанбе 524 гектар ва ба НТҶ 39119 гектар рост меояд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 30.09.2022 майдони даравидашуда дар ҷумҳурӣ 210201 гектар буда, ба ВМКБ 1825 гектар, ба вилояти Суғд 46153 гектар, вилояти Хатлон 122580 гектар, Душанбе 524 гектар ва ба НТҶ 39119 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як  гектар 34,0 сентнер буда, ба ВМКБ 17,0 сентнер, ба вилояти Суғд 35,0 сентнер, вилояти Хатлон 36,0 сентнер, Душанбе 26 ва ба НТҶ 27,7 сентнер рост меояд.

Ҳосили умумии гандуми ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 714546 тоннаро ташкил медиҳад.

 

Рафти  ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ. 

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 32158 гектар буда, ба ВМКБ 1270 гектар, вилояти Суғд 15309 гектар, вилояти Хатлон 5817 гектар ва ба НТҶ 9765 гектар рост меояд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 30.09.2022 майдони ҷамъовари кардашуда дар ҷумҳурӣ 22169 гектар буда, ба ВМКБ 645 гектар, ба вилояти Суғд 10675 гектар, вилояти Хатлон 5807 гектар ва ба НТҶ 5042 гектар ташкил медиҳад.  Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 215 сентнер буда, ба ВМКБ 144 сентнер, ба вилояти Суғд 239 сентнер, вилояти Хатлон 175 сентнер ва ба НТҶ 218 сентнер рост меояд.

Ҳосили умумии картошкаи ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 476098 тоннаро ташкил медиҳад.

 

Рафти  ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 38466 гектар буда, ба ВМКБ 410 гектар, вилояти Суғд 9240 гектар, вилояти Хатлон 20687 гектар ва ба НТҶ 8129 гектар рост меояд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 30.09.2022 майдони ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 34996 гектар буда, дар ВМКБ 256 гектар, дар вилояти Суғд 6190 гектар, дар вилояти Хатлон 20608 гектар ва НТҶ 7942 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 321 сентнер буда, ба ВМКБ 161 сентнер, ба вилояти Суғд 350 сентнер, вилояти Хатлон 315 сентнер ва ба НТҶ 318 сентнер рост меояд.

Имрӯзҳо кишоварзони мамлакат аз ҳисоби умумии ҳосили сабзавот, ки 1122539 тоннаро ташкил медиҳад: 482126 тонна пиёз, 43895 тонна карам, 231908 тонна помидор, 117429 тонна бодаринг, 117412 тонна сабзӣ ва 129768 тонна дигар намуди сабзавот рост меояд. 

 

Рафти  ҷамъоварии полезӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ. 

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 17492 гектар буда, ба вилояти Суғд 3853 гектар, вилояти Хатлон 12982 гектар ва ба НТҶ 657 гектар рост меояд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 30.09.2022 майдони ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 17189 гектар буда, Суғд 3650 гектар, дар вилояти Хатлон 12954 гектар, дар НТҶ 585 гектар ва  ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ 296 сентнер буда, ба вилояти Суғд 271 сентнер, вилояти Хатлон 308 сентнер ва ба НТҶ 183 сентнер рост меояд.

Ҳосили умумии полезиҳои ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ  508383 тоннаро ташкил медиҳад.

 

Рафти  ҷамъоварии меваю ангур дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ. 

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 30.09.2022 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 189182 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст. То имрӯз ҷамъоварии мева ба ВМКБ 2787 тонна, ба вилояти Суғд 66086 тонна, ба вилояти Хатлон 92716 тонна, ба НТҶ 27593 тонна  рост меояд.

Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ ба миқдори 101668 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст. То имрӯз ҷамъоварии ангур ба вилояти Суғд 35118 тонна, ба вилояти Хатлон 33619 тонна, ба НТҶ 32931 тонна  рост меояд. 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот Тел: 2-35-39-23