Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

05.10.2022

 

Ҳамасола санаи 5 октябр дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат санаи 5 октябри соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Музаффар Бурҳон, сардоронии раёсат, шӯъба, бахш ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорат  ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавиро муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Музаффар Бурҳон ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ ва дар вазъияти тантанавӣ дар саросари мамлакатамон ҷашн гирифта мешавад.

Маърӯзаи Сардори шуъбаи матбуот ва иттилоот Туйчиев Лоиқ дар бораи “Таҳкими заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии забони давлатӣ ҳамчун омили рушди минбаъдаи он” шунида шуд.  

Зикр гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009 забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифта, ҷиҳати баланд бардоштани устувории он асоси қонунӣ гузошта шуд ва таҷлили ин санаи таърихӣ ба қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иртибот дошта ва дар асоси ҳамин санади меъёрии ҳуқуқӣ Рӯзи забони давлатӣ ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардидааст.

Бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ду марҳила ҳуҷҷатҳои барномавӣ ҷиҳати ташаккул ва рушди забони давлатӣ қабул карда шуданд. Аз ҷумла, «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012 ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 тасдиқ гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба забон қабул гардида, дар рушду густариш ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ нақши муҳим дошта, бобати инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меорад. Барои ташаккули худшиносӣ, худогоҳии шаҳрвандон, боло бурдани ҳисси ватандўстӣ ва рушди ҷаҳонбинии сиёсиву фарҳангии аҳли ҷомеа таҳия шудааст.

Дар охир муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Музаффар Бурҳон ҳамаи иштирокчиён ва дар симои онҳо кулли кормандони соҳаро бо таҷлили Рӯзи забони давлатӣ таҳният намуда, таъкид дошт, ки кормандони соҳа минбаъд низ дар роҳи шинохти арзишҳои миллӣ,  дарки масъулияти ватандорӣ ва расидан ба ҳадафҳои дар пешгузошта кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон