Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоМулоқоти муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ

Мулоқоти муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ

04.10.2022

 
Санаи 3-уми октябри соли 2022 дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ Ozan Sevimli, Frauke Jungbluth, Teklu Tesfaye баргузор гардид.
Дар рафти кори ҷаласа муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ ҷиҳати дастгирӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд. Инчунин намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ минбаъд низ дастгириҳои худро барои рушди соҳаи кишоварзӣ равона сохтан ибрози назар намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон