Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор бо роҳбари дафтари минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Аврупо Рахманин Владимир Олегович
06.10.2022
Санаи 05 октябри соли равон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Кам намудани партовҳои озуқаворӣ дар Аврупо ва Осиëи Марказӣ" дар шаҳри Истамбул мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор бо муовини директори генералӣ, роҳбари дафтари минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Аврупо Рахманин Владимир Олегович баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаи ҶумҳурииТоҷикистон бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар соҳаи кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Роҳбари дафтари минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Аврупо Рахманин В.О. барои дастгирӣ гардидани ҳамаи ташаббусҳои ФАО аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баëн намуд. Ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам тақвият додани ҳамкориҳои муштарак ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда дар доираи лоиҳаҳои кӯмаки техникӣ дар самти ҷалби инноватсия ба соҳаи тухмипарварӣ, истифодаи дронҳои махсус барои нобуд сохтани ҳашаротҳои зараррасон, бунёди гармхонаҳо, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбурди ташаббуси Як маҳсулот-Як кишвар ва рақамикунонии деҳот ҳамкорӣ намоянд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум доир гардида, Рахманин В.О. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои иштирок дар маросими аз нав интихоб намудани Директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, ки моҳи июни соли 2023 дар шаҳри Рими Италия ба нақша гирифта шудааст, даъват намуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон