Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоГузориши матбуотӣ (ба ҳолати 07.10.2022)

Гузориши матбуотӣ (ба ҳолати 07.10.2022)

10.10.2022

Рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ.

          Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамои сохтори кишт дар ҷумҳурӣ имсол 186000 гектар кишти пахта бояд гузаронида мешуд. 

Дар  шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ тибқи маълумоти омории 4-кишоварз 181589 гектар кишти пахта гузаронида шуд. Аз ҷумла,  дар вилояти Суғд 57199 гектар, дар вилояти Хатлон 121741 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 2689 гектар мебошад.

          Тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ 425000 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад.

          Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 07.10.2022 ҳосили  ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 250138,2 тонна буда,  вилояти Хатлон 172060 тонна,  вилояти Суғд 74921 тонна ва НТҶ 3157 тонна пахтаро ташкил медиҳад.  

Рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ.

          Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишти ғалладонагиҳо тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 304695 гектар буда, ба ВМКБ 4149 гектар, вилояти Суғд 107391 гектар, вилояти Хатлон 141376 гектар, Душанбе 752 гектар ва ба НТҶ 51026 гектар рост меояд.

          Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 07.10.2022 майдони даравидашуда дар ҷумҳурӣ 295587 гектар буда, ба ВМКБ 4121 гектар, ба вилояти Суғд 100589 гектар, вилояти Хатлон 140698 гектар, Душанбе 745 гектар ва ба НТҶ 49434 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як  гектар 31,7 сентнер буда, ба ВМКБ 15,2 сентнер, ба вилояти Суғд 28,0 сентнер, вилояти Хатлон 36,2 сентнер, Душанбе 24 сентнер ва ба НТҶ 28 сентнер рост меояд.

           Ҳосили умумии ғалладонагиҳои ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 934647 тоннаро ташкил медиҳад.

           Аз ҷумла, майдони кишти гандум 210435 гектар буда, ба ВМКБ 2059 гектар, вилояти Суғд 46153 гектар, вилояти Хатлон 122580 гектар, Душанбе 524 гектар ва ба НТҶ 39119 гектар рост меояд.

           Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 07.10.2022 майдони даравидашуда дар ҷумҳурӣ 204351 гектар буда, ба ВМКБ 2059 гектар, ба вилояти Суғд 2059 гектар, вилояти Хатлон 122580 гектар, Душанбе 524 гектар ва ба НТҶ 39119 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як  гектар 34,0 сентнер буда, ба ВМКБ 17,1                                                          сентнер, ба вилояти Суғд 35,0 сентнер, вилояти Хатлон 36,0 сентнер, Душанбе 26 ва ба НТҶ 27,7 сентнер рост меояд.

            Ҳосили умумии гандуми ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 715469 тоннаро ташкил медиҳад.

Рафти  ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

             Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 34665 гектар буда, ба ВМКБ 1270 гектар, вилояти Суғд 16215 гектар, вилояти Хатлон 6573 гектар ва ба НТҶ 10607 гектар рост меояд.

             Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 07.10.2022 майдони ҷамъовари кардашуда дар ҷумҳурӣ 24139 гектар буда, ба ВМКБ 755 гектар, ба вилояти Суғд 11582 гектар, вилояти Хатлон 5812 гектар ва ба НТҶ 5990 гектар ташкил медиҳад.  Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 233 сентнер буда, ба ВМКБ 136 сентнер, ба вилояти Суғд 275 сентнер, вилояти Хатлон 178 сентнер ва ба НТҶ 219 сентнер рост меояд.

             Ҳосили умумии картошкаи ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 563355 тоннаро ташкил медиҳад.

Рафти  ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

             Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 38422 гектар буда, ба ВМКБ 410 гектар, вилояти Суғд 9108 гектар, вилояти Хатлон 20687 гектар ва ба НТҶ 8218 гектар рост меояд.

             Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 07.10.2022 майдони ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 37440 гектар буда, дар ВМКБ 279 гектар, дар вилояти Суғд 8388 гектар, дар вилояти Хатлон 20686 гектар ва НТҶ 8087 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 320 сентнер буда, ба ВМКБ 157 сентнер, ба вилояти Суғд 326 сентнер, вилояти Хатлон 317 сентнер ва ба НТҶ 325 сентнер рост меояд.

             Имрӯзҳо кишоварзони мамлакат аз ҳисоби умумии ҳосили сабзавот, ки 1197016 тоннаро ташкил медиҳад: 525476 тонна пиёз, 46010 тонна карам, 246843 тонна помидор, 119887 тонна бодаринг, 122861 тонна сабзӣ ва 135938 тонна дигар намуди сабзавот рост меояд. 

Рафти  ҷамъоварии полезӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

            Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 17430 гектар буда, ба вилояти Суғд 3793 гектар, вилояти Хатлон 12982 гектар ва ба НТҶ 654 гектар рост меояд.

             Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 07.10.2022 майдони ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 174226 гектар буда, Суғд 3853 гектар, дар вилояти Хатлон 12982 гектар, дар НТҶ 591 гектар ва  ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ 311 сентнер буда, ба вилояти Суғд 336 сентнер, вилояти Хатлон 309 сентнер ва ба НТҶ 184 сентнер рост меояд.

             Ҳосили умумии полезиҳои ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 541184 тоннаро ташкил медиҳад.

Рафти  ҷамъоварии меваю ангур дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

             Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 07.10.2022 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 212392 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст. То имрӯз ҷамъоварии мева ба ВМКБ 3007 тонна, ба вилояти Суғд 77502 тонна, ба вилояти Хатлон 99416 тонна, ба НТҶ 32467 тонна  рост меояд.

             Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ ба миқдори 121981 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст. То имрӯз ҷамъоварии ангур ба вилояти Суғд 38610 тонна, ба вилояти Хатлон 34078 тонна, ба НТҶ 49293 тонна  рост меояд.

Рафти  кишти такрории зироатҳои такрор дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

              Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 95961 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шавад, тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 02.09.2022 дар  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 197614 гектар кишт гузаронида шуд.

              Аз ҷумла, дар ВМКБ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 96 гектар, иҷро шуд 123 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 30100 гектар буда, иҷро шуд 40051 гектар, дар вилояти Хатлон нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 130505 гектар буда, иҷро шуд 131953 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 26443 гектар буда, иҷро шуд 25487 гектар мебошад.

Рафти шудгор, кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

               Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 07.10.2022 ба майдони 47570 гектар  шудгор карда шуда, 27432 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтӣ: аз он ғалладонагиҳо 18259 гектар, сабзавоти бавақтӣ 9173 гектар кишт карда шуд.

 Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

              Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 07.10.2022 майдони гармхонаҳои доимамалкунанда 144,3 гектарро ташкил намуда,  майдони умумии кишт 59,2 гектар мебошад, аз он помидор 31 гектар, бодиринг 15,3 гектар ва дигар сабзавотҳо 12,7 гектарро ташкил медиҳад.

 Рафти  ҷамъоварии хӯроки чорво дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

              Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва замбуриасалпарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 1997990 тонна хӯроки дурушт ва 100280 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад. Аз ҷумла, тибқи дурнамо дар ВМКБ 55200 тонна хӯроки дурушт, вилояти Суғд 580150 тонна хӯроки дурушт ва 24300 тонна хӯроки ширадор, дар вилояти Хатлон 940430 тонна хӯроки дурушт ва 47600 тонна хӯроки ширадор ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 422210 тонна хӯроки дурушт ва 28380 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад.

              Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва замбуриасалпарварии вазорат ба санаи 07.10.2022 дар ҷумҳурӣ 2186084 тонна хӯроки дурушт ва 81088 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шуд. Аз ҷумла, дар ВМКБ 59510 тонна хӯроки дурушт, вилояти Суғд 560383 тонна хӯроки дурушт ва 16402 тонна хӯроки ширадор, дар вилояти Хатлон 1110189 тонна хӯроки дурушт ва 36336 тонна хӯроки ширадор ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 444316 тонна хӯроки дурушт ва 28350 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад.

Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ.

              Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 октяри соли 2022 воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1368 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 548 адад, комбайни ғалладарав 32 адад, ядаки трактор 15 адад, мошини алафдаравӣ 9 адад, испори тракторӣ 182 адад, ғаллакубак 17 адад, кулухмайдакунак (фреза) 15 адад, култиватор 5 адад, тойбанду тагрезчин 94 адад, дорупошак 22 адад, нурипошак 67 адад, картошкаканак 6 адад ва картошкашинонак 1, алафдаравак 21 адад.

               Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.10.2022 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27416 адад тракторҳои  гуногунтамға мавҷуд буда, 75%-и он омодаи кор мебошад. Аз он 1551 адад тракторҳои шудгоркунандаи тасмачарх, 5850 байниқаторӣ (сечарха), 20015 нақлиётӣ (чорчарха),  1094 адад комбайни ғалладарав, 8797 адад ядакҳои тракторӣ, 10278 адад испорҳои тракторӣ, 3387 адад култиваторҳо, 2289 адад тухмипошакҳо аз он: 1885 адад тухмипошакҳои пахта, 1476 адад достҳои тракторӣ, 825 адад тойбанду тагрезчин, 135 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 19 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 468 адад картошкаканакҳо, 193 адад картошкашинонакҳо, 34 адад мошини пахтачинӣ ва 318 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот. Тел: 2-35-39-23