Меҳргон дар мезанад
Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯи таърих барои тарғиби ахлоқи маънавиёти созанда хизмат кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои пуршукӯҳи аҷдодӣ аст, ки аз қадимулайём онро мардуми форсзабон дар тамоми дунё бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамуданд.
Меҳррӯзи моҳи Меҳр «Шонздаҳуми меҳрмоҳ» (9 октябр) ҷашни ниёгони мо буда, Меҳргон аз сурури дилҳои пурваҷд эҷодшудаи ин ҷашн ёдгори давраи нишоту шодмонии аҷдоди мост. Меҳргон ҷашни тирамоҳ аст. Тирамоҳ фасли фаровонист. Кишоварзон дар ҳамин фасл ҳосили заҳмати нуҳмоҳаи худро ҷамъ меоваранд.
Ақидаҳои мухталиф оид ба ҷашни Меҳргон дар умқи таърих ва рисолатҳои бостонӣ дида мешавад.
Ҷоиҳзи Басрӣ ин ҷашнро ба Фаридун нисбат дода, мегӯяд: "Фаридун дар рӯи Меҳри моҳи Меҳр Заҳҳоки ситамгарро зиндонӣ намуд ва ибтидои ин ҷашнро ду ҳазору панҷоҳ сол баъд аз Наврӯз ёд мекунад.
Ҷашни Меҳргон дар даврони ривоҷу иқтидори Зардушт хеле бошукӯҳ ва боазаммат ҷашн гирифта мешуд.
Фаросату тезбинӣ ва дурандешии комил яке аз хислати бузурги миллати ориёӣ мебошад, ки ёдгориҳои ниёгони худро аз миёни гирдобҳои хуну тундбодҳои ҳаводис то кунун нигоҳ дошта омадааст.
Рӯи ҳамин асл на танҳо русуми қадим ва ойини иҷтимоии ин миллат аз байн нарафт, балки бо маҳорат ва устодии махсус ба дарбори хулафо низ таъсир ва нуфуз кард ва хулафоҳоро маҷбур намуд, ки боргоҳи салтанати Сосониёнро эътироф ва тақлид намоянд. Форсҳоро ба кор қабул кунанд, муқаррароти идорӣ ва сини дарборӣ ва мамлакатдории хешро чун порсиён созанд ва барои Наврӯз ва Меҳргон ҷойгоҳи арзандае дар хилофат омода намоянд.
Меҳргон қабл аз хомӯшии кӯтоҳ сар аз болини фаромӯшӣ бардошт ва баъд аз роёни бӯҳронҳои ҷангӣ дар даврони хулафои Аббосӣ аҳамияти шоён ёфт. Шуарои араб дар ин ҷашн қасоиде сароида ва онро мадҳу тавсифи зиёд карданд.
Ба ин тартиб, ҷашнҳои ниёгони мо рафта-рафта зинда ва маъмул гардиданд ва махсусан аз ин, ки Аббосиён ба дастёрии миллати форс ҷойнишини Уммавиён шуданд ва форсҳо ба дарбори халифа нуфур карданд, идҳо ва ҷашнҳои миллӣ низ ба худнамоӣ ва ҷилвагарӣ пардохтанд.
Бо пайдоиши сулолаҳои маҳаллӣ аз ҷониби Сомониён ва Ғазнавиён иззату эҳтиром ва шуҳрати Меҳргон боз ҳам боло рафт.
Хулоса подшоҳони баъд аз ислом ҳар як ба навбат худ дар зинда кардани идҳои бостонӣ алоқа ва ҷиддият ба харҷ медоданд. Ҳатто султонҳои туркнажоти Эрон ва соири аҳкоме, ки бар бархе аз вилоят даст ёфтанд, аҳамияти Наврӯз ва Меҳргонро эътироф мекарданд.
Дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳргон умри дубора ёфта, ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар замони шӯравӣ ҳам ин ҷашнро бо номи «Иди ҳосилот» қайд мекарданд, вале дар бораи ҷашни Меҳргон будани он чизе намегуфтанд.
Тибқи муқарарроти ин ҷашн одамон кинаю кудуратро аз худ дур карда, сӯйи якдигар оғӯши меҳрубонӣ ва ҳамдигарбахшӣ мекушоданд.
Меҳргон аз номи Меҳр, ки яке аз бузургтарин худоёни ҳинду эронӣ буда, Митра ном доштааст, гирифта шудааст.
Дар сарчашмаҳо омадааст, ки моҳи Меҳр мои 7-уми авастоӣ буд. Тибқи солшумории авастоӣ Меҳргон ба рӯзи 16-уми моҳи Меҳр, яъне ба 8-уми моҳи октябри милодӣ рост меояд. Ҷашни Меҳргон сеюмин иди умумимиллии мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, онро кишоварзон ба ҷамъбасти ҳосили бо ранҷ парваридаи хеш таҷлил менамуданд. Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд.
Дар ҳудуди Хуросон чи гуна истиқбол гирифтани ин суннати суғдиён қайд гардидааст. Бо амри Зардушт дар мулки Эрон ҳамчун иди Наврӯз густариш ёфтани тантанаҳои Меҳргони Аҷам зикр ёфтааст.
Дар сарчашмаҳои атиқа оид ба Меҳргони Аҷам нигоштаҳо мавҷуданд. Чунончи дар яке аз маъхазҳои қадима, аз ҷумла доир ба баргузории ин ҷашн ва оростани хони меҳргонӣ чунин омадааст: «Аввалин касоне, ки дар ин рӯз назди подшоҳони Аҷам омадӣ-мӯбадон ва донишмандон буданд ва ҳафт хон аз мева ҳамчун шакар ва турунҷ ва себ ва биҳӣ ва анор ва уноб ва ангури сафед меоварданд. Ақидаи форсиён он аст, ки дар ин рӯз ҳар кӣ аз ҳафт меваи мазкур бихӯрад ва гулоб биошомад ва бар худ ва дӯстони худ бипошад дар он сол аз офату балоёт маҳфуз бошад. Ва нек аст, ки дар ин айём ном бар фарзанд ниҳодан ва кӯдак аз шир боз кардан».
Роҷеъ ба пайдоиш ва давомнокии ин ҷашн бархе аз уламо ва удабони асримиёнагӣ мушахассан иттилоъ додаанд. Аксаран дар чунин ақидаанд, ки таҷлили он 6 рӯз идома меёфтааст. Панҷ рӯзи аввал онро ҳамагон ҷашн гирифта, онро «Меҳргони омма» ё «Меҳргони хурд» меномиданд. Рӯзи шашум онро чун иди расмӣ хеле доманадор ҷашн мегирифтанд, ки онро «Меҳргони Бузург» ва ё «хосса» ном мебурданд. Дар нахустасари олам «Авесто» пайғамбар Зардушт дар ин боб чунин нигоштааст : «Меҳргони мардумон ва Меҳргони бузургон ҳарду дар шукӯҳ ва бузургӣ якранганд. Пас ҳардуи онро ҷашн бигиред».
Наврӯз агар оғоз ва эътидоли баҳории Хуршед дар бурҷи Ҳамал бошад, пас Меҳргон ҷулули Хуршед дар бурҷи Мизон аст.
Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» роҷеъ ба ҷашну ойинҳои эрониёни бостон маълумотҳои ҷолиб оварда, бо меҳру муҳаббат ба таъриху суннатҳои ниёгони худ аз онҳо ёд мекунад. Ӯ рӯзи аввали ба тахт нишастани Фаридунро баробар бо рӯзи Меҳргон медонад ва шурӯи таҷлили ин ҷашнро низ ба ӯ мансуб медиҳад.
Меҳргони аҷам иди умумихалқӣ ва кишоварзии мардуми ориёнажоди тоҷикону форсҳо ба шумор рафта, дар партави Истиқлолияти Тоҷикистони азиз ба худ ҷилои тозаю рӯҳбахшро доро гардидааст.
Баргро бар оби тилло карди тар,
Навдаи меҳри дарахтон карда хам,
Меҳрборон Меҳргон дар мезанад,
Сӯйи хони меҳри дастархони олам.
Сафарзода Санавбар - Сармутахассиси шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон