Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоБАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

14.10.2022

 
Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара таҳти роҳбарии Вазири кишварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ, сарраёсатҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовара Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Раиси иттифоқи касабаи комплекси агросаноатӣ Миралӣ Сафаров, намояндагони Агентии омори назди ПҶТ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Кумитаи идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҲҶТ иштирок доштанд.
Нахуст маърӯзаи муовини вазири кишоварзӣ Зеваршои Зеваршо оид ба фаъолияти натиҷаҳои ҷамъбастии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2022 шунида шуд.
Аз ҷумла зикр намуд, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ бармеоянд ба роҳ монда, оид ба татбиқи сиёсати аграрӣ, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои назаррас ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ, як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Андешидани тадбирҳои судманд ба он мусоидат намуд, ки дар нуҳ моҳи соли 2022 мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 33563,6 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,8 фоиз зиёд мебошад, аз он ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 24818 млн. сомониро ташкил дода, 6,7 фоиз ва чорвопарварӣ 8745,6 млн. сомонӣ баробар гардида 11,1 фоиз афзудааст.
Дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи маҳсулоти растанипарварӣ ба 73,9 фоиз ва чорвопарварӣ ба 26,1 фоиз баробар гардид.
Ба афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ, асосан истеҳсоли ғалладонагиҳо, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,4 фоиз, сабзавот 4,8 фоиз, меваҷот 19,1 фоиз, ангур 16,6 фоиз ва ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорвопарварӣ бошад, истеҳсоли гўшти чорвои калону майда 5,6 фоиз, гўшти паранда 7,4 фоиз, истеҳсоли тухм 21,1 фоиз, пашм 4,1 фоиз, асал 3,9 фоиз ва истеҳсоли шир 2,2 фоиз зиёд гардидааст, мусоидат намуд.
Лозим ба қайд аст, ки суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар муќоиса ба нишондиҳандаи суръати рушди ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,5 банди фоиз афзоиш ёфтааст (дар ҳамин давраи соли гузашта суръати рушд 106,3 фоизро ташкил дода буд).
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1411,4 њазор тонна, пахта 191,2 ҳазор тонна, картошка 774,9 ҳазор тонна, сабзавот 2201,8 ҳазор тонна, полизӣ 754,2 ҳазор тонна, мева 361,3 ҳазор тонна, ангур 216,6 ҳазор тонна, гўшт 185,2 ҳазор тонна, шир 660,3 ҳазор тонна, тухм 902,7 млн. дона, пашм 6842 тонна, пилла 393 тонна, асал 3928,4 тонна ва моҳӣ ба 2100 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли ғалладонагиҳо 9,4 фоиз, пахта 1,8 фоиз, сабзавот 4,8 фоиз, полизӣ 4,4 фоиз, мева 19,1 фоиз, ангур 16,6 фоиз, гўшт 5,9 фоиз, шир 2,2 фоиз, тухм 21,1 фоиз, пашм 4,1 фоиз, асал 3,9 фоиз, моҳӣ 1,5 баробар зиёд гардид.
Инчунин сардорони сарраёсатҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шуъба ва бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаву ташкилотҳои зертобеи вазорат оид ба нишондиҳандаҳои соҳа ахборот пешниҳод намуданд. Аз ҷониби Раёсати ҳайати мушовара ба масъулин барои ислоҳи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ барои иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни мулоқотҳо бо роҳбарон ва фаъолон дар сафарҳои корӣ баён намудаанд, масъулинро вазифадор карда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти минбаъда, истифодаи самараноки замину об, ҷамъоварии беталафи зироатҳои кишоварзӣ, кишти такрории зироатҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа дастуру супоришҳо дод.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон