Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоТаҷлили ҷашни Меҳргон

Таҷлили ҷашни Меҳргон

15.10.2022

 

           Санаи 15.10.2022 дар “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ” бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иди Меҳргон, фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ ва иди асал баргузор гардид.

          Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромада, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё гардида, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 таҳти № 538 дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

         Дар Иди Меҳргон, фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ ва иди асал, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, роҳбарон ва намояндагони вазорату кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Сардорони Сарраёсат ва раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

        Дар ҷашни инрӯза дастранҷи заҳмати марди деҳқон аз қабили навъҳои гуногуни зироат, меваҷот, сабзавот, асали табиӣ, техникаю мошинолот, ихтирооти вобаста ба соҳа пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.

        Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ омода шуда, манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардиданд. Дар гӯшаи дигари боғ ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд, ки ҳар кадоми он ифодагари меҳнати дастии ҳунармандон буда, аз завқу маҳорат ва таърихи бой доштани ҳунармандӣ дар Тоҷикистон дарак медод.

         Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ иштирокдорони намоишро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди Меҳргон шодбош гуфта, барои фаъолияти беҳтарин ва дастовардҳои шоиста дар соҳаи кишоварзӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Иди Меҳргон изҳори сипос намуд.

Ҳамзамон ба хоҷагии беҳтарин, пахтакори беҳтарин, ғаллакори беҳтарин, сабзавотпарвари беҳтарин, картошкапарвари беҳтарин, боғпарвари беҳтарин, чорводори беҳтарин, қутоспарвари беҳтарин, парандапарвари беҳтарин, моҳипарвари беҳтарин, механизатори беҳтарин, олими беҳтарин, омӯзгори беҳтарин, инъикосгари беҳтарин, шолипарвари беҳтарин, занбӯрпарвари беҳтарин ва масъулони вазорату идораҳоро бо диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои молию пулӣ сарфароз гардониданд.

          Дар фарҷоми чорабинии мазкур баҳри болидаруҳии иштирокчиён аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангию фароғатӣ пешкаш карда шуд.

 Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон