Табрикоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Саъдӣ Ғафор ба муносибати Иди Меҳргон
14.10.2022
Бо камоли эҳтиром ва садоқатмандии бепоён кулли сокинон ва кишоварзони мамлакатро ба муносибати Ҷашни Меҳргон табрик намоям!
Маврид ба ёдоварист, дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромада, бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё гардида, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 таҳти № 538 дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Таҷлили расмии иди «Кишоварзон» дар кишварамон далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш оварда, эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.
Аз ин лиҳоз бахшида ба Рӯзи кишоварзон пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон ва чорводорон бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки ҷашни суннатии аҷдодиамон Меҳргон дар гузашта ва имрӯз низ ҳамчун иди касбии кишоварзон таҷлил мешавад. Чи тавре, ки меҳргоншиносон таъкид кардаанд, маҳз дар айёми пухтупаз ва ҷамъоварии меваҳову ҳосилоти полизӣ ниёгони мо аз ин ҷашн пазироӣ мекарданд ва баракати маҳсулоти меҳнаташонро таманно доштанд. Баргузории ин ид дар тирамоҳ ин аст, ки дар ин фасл ҳамаи дарахтону гиёҳон ҷомаи заррин ба бар мекунанд, ки гўё аз фурўғи Меҳр ҳама ҷо тиллоӣ мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба санадҳои таърихӣ такя намуда, иди Сада, Наврўз, Меҳргон ва дигар ҷашнҳоро эҳё намуда, дар мамлакат бо ташкили намоишгоҳҳои дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, қадрдонӣ намудани пешқадамони истеҳсолот иқдоми неки Пешвои миллат мебошад.
Бори дигар ҳамаи Шуморо бо Иди «Кишоварзон», Иди Меҳргон табрик гуфта, хоҳони онем, ки бигузор дастархонҳои Шумо аз тамоми маҳсулотҳои кишоварзӣ дар ҳама фаслҳои сол пурнозу неъмат бошад!
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Каримзода Саъдӣ Ғафор