Фаровонии ҳосил аз тухмии хушсифат аст.
Тухмипарварӣ яке аз самтҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар истеҳсолоти кишоварзӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Афзун намудани истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо аз истифода бурдани тухмиҳои сертификатсияшуда вобастагии калон дорад. Вазифаи асосии тухмипарварӣ таъмин намудани хоҷагиҳо бо тухмии сертификатсияшуда, нигоҳ доштани тозагии навъҳо ва хусусиятҳои биологии онҳо мебошад.
Мутахассисон апробатсияи кишти тухмии навъҳои зироатҳои ғалладонагиҳо, лўбиёгиҳо ва хўроки чорворо гузаронида, миқдори захираи тухмиро барои кишти соли 2023 муайян намуд.
Дар ҷумҳурӣ миқдори захираи тухмии ғалладонагиҳо 86823 тонна, аз ҷумла гандум 77663 тонна, ҷав 8506 тонна, сулӣ 44 тонна ва лўбиёгиҳо 610 тоннаро ташкил медиҳад.
Таҳлилҳо муайян намуд, ки миқдори захираи тухмии ғалладонагиҳо ҳамагӣ 86823 тонна буда, аз он 37 тонна (0,1%) гурўҳи элита, репродуксияи якум 3679 тонна (4,2%), репродуксияи дуюм 21205 тонна(24,4%), репродуксияи сеюм 25586 тонна (29,5%) ва 36313 тонна (41,8%)-ро тухмии шартӣ мебошад.
Гандуми тухмӣ 77663 тоннаро ташкил дода, аз он 37 тонна гурўҳи элита, (0,1%), 3668 тонна (4,7%) репродуксияи якум, 21143 тонна (27,21), репродуксияи дуюм, 25370 тонна (32,7%), репродуксияи сеюм ва 27446 тонна (35,3%)-ро тухмии шартӣ мебошад.
Яке аз масъалаҳои асосии мустаҳкам намудани амнияти озуқавории кишвар таъмин намудани аҳолӣ бо нон ва маҳсулоти нонӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рў, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи тухмиҳои хушсифати зироатҳои ғалладонагиро самти афзалиятнок ҳисобида, ба рушди ғаллакорӣ ва афзун намудани истеҳсоли ғалла диққати ҳамаҷониба равона намудааст.
Барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагӣ ва ҳосили соли 2023 вазорат ба воситаи Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” барои кишти соли 2023 ба миқдори 280 тонна тухмии гандуми гурўҳи элита навъҳои “Гром” 100 тонна, “Алексеич” 120 тонна ва “Безостая 100” 60 тонна ворид намуда, дар асоси шартномаи тарафайн ба хоҷагиҳо дастрас гардид.
Навъи “Гром” гандуми мулоими тирамоҳӣ, миёнапаз, давраи нашъунамо аз 280-304 рўз, баландии растанӣ 85-90 см, ба хобравӣ ва рехтан тобовар, ба хушки аз ҳисоби миёна дар сатҳи болотар, вазни 1000 дона 40-42 гр, меъёри кишт дар 400-500 дона/1 м2, ҳосилнокии максималӣдар санҷиши давлатӣ 112 с/га мебошад.
Тавсия дода мешавад, ки пешинакишт аз оилаи ғалладонагиҳо набошад, баъди ҷуворимакка қатъиян кишт кардан манъ аст.
Навъи мазкур ба касалии занбурўғи растанӣ (гардзанӣ) ва касалии занги бур ва занги тана устувор мебошад.
Навъи “Алексеич” гандуми мулоими тирамоҳӣ, миёнапаз, давраи нашъунамо аз 286-307 рўз, баландии растанӣ 77-96 см, ба хобравӣ ва хушки ҳаво ва хок тобовар, вазни 1000 дона 37-46 гр, меъёри кишт дар 300-400 дона/1 м2, ҳосилнокии максималӣ дар санҷиши давлатӣ 132,7 с/га мебошад.
Тавсия дода мешавад, ки пешинакишт алафҳои бисёрсола ва лўбиёдонагиҳо бошад.
Навъи “Алексич” ба касалии занбурўғи растанӣ (гардзанӣ) ва касалии занги бур ва занги тана устувор мебошад.
Навъи “Безостая-100” гандуми мулоими интенсивии миёнақад, ва давраи нашъунамо миёнаи барвақт аз 284-304 рўз,ба хобравӣ устувор, вазни 1000 дона 37-45 гр, меъёри кишт дар 400-470 дона/1 м2, ҳосилнокии максималӣ дар санҷиши давлатӣ 99,5 с/га мебошад.
Навъи номбурда ба пешинакишт ғалладонагиҳо хуб таҳаммул мекунад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки барои кишти соли ҷорӣ мувофиқи талабот 41 ҳазор тонна тухмии гандум лозим аст, ки аз ин миқдор тухмӣ 0,9 % гурўҳи элита, репродуксмяи якум 8,9%, репродуксияи дуюм 51,5 ва репродуксияи сеюм 38,7 % мебощад.
Имрўзҳо кишоварзон сабабҳои асосии паст гардидани ҳосилнокӣ ва риоя нагардидани технологияи парвариши зироатҳои ғалладонагӣ аз ҷониби хоҷагиҳои тухмипарварӣ дар он аст, ки хоҷагиҳои мазкур барои истеҳсоли тухмиҳои сертификатсияшуда заминаи моддию техникиро надоранд. Яке аз омилҳои дигаре, ки солҳои охир ба ҳосилнокии ғалладонагиҳо таъсир расонида истодааст, ин тағйирёбии иқлим мебошад. Ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур олимони соҳаро зарур аст, ки навъҳои нави серҳосили ба тағйирёбии иқлим мутобиқро офарида, дар истеҳсолот ҷорӣ намоянд. Дар ҳолати маҳдудияти васеъ намудани майдони кишт дар заминҳои корами обӣ танҳо бо роҳи баланд бардоштани ҳосилнокӣ, гузаштан ба технологияҳои муосири парвариш, самаранок истифода бурдани заминҳои обёришаванда, аз як замин ба даст овардани на як ду балки се-чор ҳосил (гандум ва дигар зироатҳо), рўёнидани ҳосили миёнаи гандум на кам аз 50 с/га дар ҷумҳурӣ имконпазир мегардад.
Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон