Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн
Санаи 26-уми октябри соли 2022 Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн баргузор гардид.
Дар доираи мулоқот Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ оид ба ҳамкориҳои муштарак бо Олмон дар доираи лоиҳаҳо, ҳамзамон оид ба иқтидору имкониятҳои истеҳсолию содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд. Инчунин доир ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар дар соҳаи кишоварзӣ пешниҳод карда шуд.
Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн барои қабули сатҳи муносиб изҳори миннатдорӣ намуда, аз сатҳу сифати ҳамкориҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ кард. Зикр намуд, ки моҳи январи соли 2023 дар Олмон, намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2023» баргузор мегардад, ки дар ҳошияи он Форуми ҷаҳонии кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ баргузор мегардад. Барои иштирок дар чорабинии мазкур даъватномаи Вазири кишоварзии Федеролии Олмонро ба Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.
Дар мулоқот ҷонибҳо изҳори ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи кишоварзӣ баён намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон