Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоПаёми табрикии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Паёми табрикии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

04.11.2022

«Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад». Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бо самимият ва садоқати бепоён кулли кишоварзон ва мардуми мамлакатро ба муносибати 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният менамоям.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол санади олии ҳуқуқест, ки дар қатори дигар арзишҳо, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ўро арзиши олӣ эълон карда, ҳамзамон омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсати ҷамъиятро муайян менамояд. Тавассути ин дастоварди олӣ халқи Тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сарбаландӣ эълон кард, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри худ буда, дар роҳи ҳифзи дастовардҳо ва афзоишу таҳкими онҳо пайваста кўшиш менамояд ва рушди соҳибихтиёрии давлати миллии хешро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи он саъю талош меварзад. Арзиши волои Конститутсия боз дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун неруи тавонои ҳуқуқӣ консепсияи муосири ҳуқуқҳои фитрии инсонро, ки табиатан ба ў хос мебошад, мустаҳкам намуда, уҳдадории давлатро оид ба эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар менамояд. Конститутсия, ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.
Бояд гуфт, ки Конститутсияи мо хусусияти миллӣ дорад, зеро он ба иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондўстонаи халқи фарҳангсолори тоҷик инъикос ёфтааст.
Вазъи мураккаби баъзе минтақаву давлатҳои ҷаҳон бори дигар ҳар як фарди ҷомеаро водор месозад, ки қадру манзалати зиндагисозӣ, сулҳу оромиро хуб дарк намояд ва дар доираи Конститутсия ва қонунҳо ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон талош варзем.
Бо ҳамин хостаҳои нек бори дигар кулли кишоварзон ва мардуми мамлакатро 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, тансиҳатӣ, сарбаландӣ ва дар фаъолияти басо пурмаҳсулу шарафманд комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Каримзода Саъдӣ Ғафор - Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон