Мулоқоти муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID)
11.11.2022
Санаи 10-уми ноябри соли 2022 мулоқоти муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо намояндаи Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Митт Куртис баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории мулоқот муаррифии барномаи USAID таҳти унвони “Тақвияти иқтидори идоракунии захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон” буда, ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳои минбаъда ибрози назар карданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон