Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоТаҷлили 28-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.11.2022

 
Санаи 4-уми ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ҷашн гирифта шуд.
Дар чорабинии мазкур Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Саъдӣ Ғафор, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.
Дар аввал Вазири кишоварзӣ Каримзода С.Ғ., хозиринро бо ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, зикр кард, ки Конститутсияи мо хусусияти миллӣ дорад, зеро он ба иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондўстонаи халқи фарҳангсолори тоҷик инъикос ёфтааст. Ҳамзамон доир ба хизмати содиқона ва корнамоиҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба такмили ин санади тақдирсоз қайд карда шуд.
Инчунин бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи сардори Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ Зарипов Анвар шунида шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон