Мулоқоти муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
12.11.2022
Санаи 11-уми ноябри соли 2022 мулоқоти муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо намояндагони Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо дар доираи лоиҳаи ФАО «Мониторинги беҳбуди амнияти озуқаворӣ», баррасии консепсияи таснифоти марҳилаи муттаҳидшудаи амнияти озуқаворӣ ва дигар ҳамкориҳоро марбут ба соҳа мавриди муҳокима қарор доданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон