Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоПаёми табрикии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-юмин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Паёми табрикии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-юмин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

15.11.2022

 
Ҳамватанон ва кишоварзони азиз!
Шуморо ба муносибати ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.
Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон воқеаи бузургест, ки дар таърихи навини мамлакати мо ҳамто надорад ва мо маҳз ба шарофати он ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем.
Ҳар қадар, ки вақт моро аз ин иҷлосияи тақдирсоз дур мебарад, ҳамон андоза аҳамияти бузурги таърихиву сарнавиштсози он барои давлату халқи Тоҷикистон бештар аён мегардад. Бо итмоми комил метавон гуфт, ки рушд ва таҳкими давлатдории навину Истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, якпорчагии он, Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ кардани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ибтидо мегиранд. Аз ин рӯ, омӯхтан ва пос доштани аҳамияти таърихии ин Иҷлосия барои ҳар яки мо - наслҳо ва ҷомеъаи имрӯзаю оянда ниҳоят муҳим, ибратомӯз ва қарзи фарзандию ифтихори ватандорӣ ба ҳисоб меравад.
Хушбахтона, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сокинонро аз ноумедиву маъюсӣ раҳо дода, рисолати ниҳоят бузургро анҷом дод - сарчашмаи сулҳу субот дар кишварамон гардид. Иҷлосия фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро рӯи саҳнаи сиёсат овард. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд, бо қарорҳои тақдирсози қабулнамудаи худ ба сулҳу субот дар кишвари азияткашидаамон оғоз бахшиданд.
Ҳамзамон Рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шудааст.
Мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст.
Мақсад аз рузи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудаанд.
Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рузи Президент пазируфта шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон марди олиму оқилу фозилу хирадманд, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро мутаҳҳид ва ба қалби мардум шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.
Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.
Бори дигар Шумоён ҳамватанон ва кишоварзонро ба муносибати ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.
Бо эҳтиром Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор