Сафари кории Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
Санаи 15-уми ноябри соли 2022 Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор ва сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд ҷиҳати шиносоӣ аз рафти иҷрои корҳо дар саҳро ба ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ анҷом дода шуд.
Тибқи маълумоти оморӣ соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд ба майдони 57159 гектар кишти пахта гузаронида шуда, то имрӯз 111239 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 84 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.
Имрӯзҳо аз мусоид ва бебориш будани ҳаво дар майдонҳои пахтазор чиниши пахта бомаром идома дорад.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ ҷиҳати беталаф ҷамъоварӣ ва истифодаи самараноки замин ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон