Таҷлили 30-юмин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 15-уми ноябри соли 2022 дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати 30-юмин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур муовинони Вазир Носирзода Ҷаббор ва Зеваршои Зеваршо, сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.
Ҷаласаи мазкурро муовини Вазир Носирзода Ҷаббор ифтитоҳ намуда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти Вазорат ба муносибати бо ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният карда, доир ба хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон ибрози андешаҳои худро иброз намуд.
Инчунин корманди Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ Иосиддинов Шаҳриёр доир ба Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд.
Инчунин дар фарҷоми чорабинӣ филми мустанади “Тоҷикистон ва Истиқлолияти давлатӣ” бахшида ба ҷашни мазкур манзури кормандон гардонида шуд.
Муовини Вазир Носирзода Ҷаббор бори дигар ҳамагонро ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комёбиҳо таманно намуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон