Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Аргентина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Аргентина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

23.11.2022

Санаи 22 ноябри соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор бо Леополдо Франсиско Сахорес – Сафири Фавқулодда ва Мухтори Аргентина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқомат дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид.
Дар вохўрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақваяти ҳамкориҳои минбаъда миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аргентина дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуданд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда ҷиҳати равнақи соҳаи парвариши тухмии зироатҳои кишоварзии серҳосил ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа байни ду мамлакат ҳамкорӣ менамоянд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон