Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоПаёми табрикии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати «Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Паёми табрикии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати «Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

23.11.2022

Ҳамватанон ва кишоварзони гиромӣ, Шуморо ба муносибати «Рўзи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрику муборакбод менамоям.

Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар он роҳи ҳалли мушкилоти кишвар, хатми ҷанги дохилӣ, ҳифзи якпорчагиву истиқлолияти давлатӣ баррасӣ мешуд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷаъмӣ ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон  Парчам ва дертар Нишон қабул карда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рўзи 24 ноябрро «Рўзи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуданд.

Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши ковиён» ном дошт. Хушбахтона, бо шарофияти истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи  шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд.

Таърихи парчам ва маънои унсуру аломатҳои дар он ифодашуда солҳост ки мавриди омўзиши муҳақиқон қарор дорад. Воқеан ҳам, донистани мазмуну муҳтавои парчам, шаклу маъно ва ишораҳои дар он таҷассумёфта дунёи ботинии инсонро рангину зебо мегардонад. Инсоният дар ҳамаи давраҳои таърихӣ барои ифодаи маром ва ҳадафҳои хеш рамзҳои гуногунро эҷод намудааст. Зарурати таърихӣ инсонро водор кардааст, ки барои барқарор намудани хотира ё кору пайкор рамзеро истифода намояд. Яъне, рамзҳо як навъ ифодагари орзуву омол ва рози ниҳони сарнавишти қавму қабила, нажод ва миллату давлатҳо мебошад.

Бори дигар Шумоён  ҳамватанон ва кишоварзонро ба муносибати “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” самимона муборакбод гуфта, ба хонадони Ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.

Бо эҳтиром Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор