Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоБаргузории "Фестивал-намоиши фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он"

Баргузории "Фестивал-намоиши фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он"

26.11.2022

Ҷиҳати иҷрои дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26-уми ноябри соли 2022 дар МД “Бозори Меҳргон”-и шаҳри Душанбе “Фестивал-намоиши фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он”-ро баргузор карда шуд. Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур тарғиби рушди маҳсулот ва муаррифии дастранҷи деҳқон мебошад.
Ҳамзамон барои сокинони пойтахт ва иштирокдорон намудҳои гуногуни картошка ва хӯрокҳои омодашуда аз он ба намоиш гузошта шуда, инчунин ярмаркаи фурӯши картошка барои харидорон баргузор шуд, ки бо нархҳои дастрас харидорӣ намуданд.
Дар Фестивали мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи Иҷроияи Президент Сабурзода Мирзодавлат, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, роҳбарон ва намояндагони вазорату кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Мақомоти вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон ба кишоварзон ва иштирокдорони Фестивал барои фаъолияти беҳтарин ва дастовардҳои шоиста дар соҳаи кишоварзӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудан изҳори сипос намуда, оиди ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карданд.
Дар фарҷом барои номинатсияҳои беҳтарин ва иштироки фаъолона Мақомоти вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ, шаҳру ноҳияҳо бо Диплому Сипоснома ва туҳфаҳо ва ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон