Contact us: +992 783-99-88-77
    HomeNewsNews archiveГузориши матбуотӣ ба санаи 16.12.2022

Гузориши матбуотӣ ба санаи 16.12.2022

19.12.2022

Рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат дар  шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ тибқи маълумоти омории 4-кишоварз 181589 гектар кишти пахта гузаронида шуд. Аз ҷумла,  дар вилояти Суғд 57159 гектар, дар вилояти Хатлон 121694 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 2689 гектар мебошад.

Тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ 425000 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 05.12.2022 ҳосили  ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 413700 тонна буда,  вилояти Хатлон 280472тонна,  вилояти Суғд 130598 тонна ва НТҶ 6250 тонна пахтаро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти оморӣ ба санаи 01.12.2022 дар ҷумҳурӣ 401530 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст.

Рафти  ҷамъоварии меваю ангур дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 02.12.2022 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 273569 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати соли 2021 75338 тонна зиёд мебошад. Ҷамъоварии мева ба ВМКБ 12948 тонна, ба вилояти Суғд 86538 тонна, ба вилояти Хатлон 1113650 тонна, ба НТҶ 60461 тонна  рост меояд.

Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ ба миқдори 161778 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, нисбат ба соли 2021 50623 тонна зиёд мебошад. Ҷамъоварии ангур ба вилояти Суғд 43804 тонна, ба вилояти Хатлон 41585 тонна, ба НТҶ 76389 тонна  рост меояд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ то 01.12.2022 мевагиҳо 486813 тонна ва ангур 276031 тонна истеҳсол карда шудааст.  

Рафти шудгор, кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат дар ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 605483 гектар шудгор гузаронида шавад, ки ба ҳолати 16.12.2022  ба майдони 312027 гектар  шудгор карда шуд. Тибқи дурнамо бояд 172886 гектар  кишти тирамоҳӣ ва барвақтӣ гузаронида шавад, ба ҳолати 16.12.2022 189744 гектар: аз он ғалладонагиҳо 175515 гектар, картошаки барвақтӣ 570 гектар ва сабзавоти бавақтӣ 14229 гектар кишт карда шуд.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 16.12.2022 майдони гармхонаҳои доимамалкунанда 146,6 гектарро ташкил намуда,  майдони умумии кишт 93,8  гектар мебошад, аз он помидор 44,8 гектар, бодиринг 25.8 гектар ва дигар сабзавотҳо 18,6 гектарро ташкил медиҳад.

Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ.

Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 ноябри соли 2022 воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1368 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 548 адад, комбайни ғалладарав 32 адад, ядаки трактор 15 адад, мошини алафдаравӣ 9 адад, испори тракторӣ 182 адад, ғаллакубак 17 адад, кулухмайдакунак (фреза) 15 адад, култиватор 5 адад, тойбанду тагрезчин 94 адад, дорупошак 22 адад, нурипошак 67 адад, картошкаканак 6 адад ва картошкашинонак 1, алафдаравак 21 адад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.11.2022 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27416 адад тракторҳои  гуногунтамға мавҷуд буда, 75%-и он омодаи кор мебошад. Аз он 1551 адад тракторҳои шудгоркунандаи тасмачарх, 5850 байниқаторӣ (сечарха), 20015 нақлиётӣ (чорчарха),  1094 адад комбайни ғалладарав, 8797 адад ядакҳои тракторӣ, 10278 адад испорҳои тракторӣ, 3387 адад култиваторҳо, 2289 адад тухмипошакҳо аз он: 1885 адад тухмипошакҳои пахта, 1476 адад достҳои тракторӣ, 825 адад тойбанду тагрезчин, 135 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 19 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 468 адад картошкаканакҳо, 193 адад картошкашинонакҳо, 34 адад мошини пахтачинӣ ва 318 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот Тел: 2-35-39-23