Contact us: +992 783-99-88-77
    HomeNewsNews archiveБаргузории ҷаласаи 2-юми Кумитаи муштараки ҳамоҳангсозии Лоиҳаи “Tajik-SHEP”

Баргузории ҷаласаи 2-юми Кумитаи муштараки ҳамоҳангсозии Лоиҳаи “Tajik-SHEP”

16.12.2022

Санаи 16-уми декабри соли 2022 дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи 2-юми Кумитаи муштараки ҳамоҳангсозии Лоиҳаи “Tajik-SHEP” баргузор гардид.

Дар кори Ҷаласа директори лоиҳа, муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ва аъзоёни Кумитаи муштараки ҳамоҳангсозии Лоиҳаи “Tajik-SHEP” иштирок намуданд.

Дар Ҷаласа оид ба корҳои иҷрогардидаи Лоиҳаи “Tajik-SHEP”, мубодила ва муҳокимаи масъалаҳои асосии Лоиҳаи “Tajik-SHEP”, омӯзишҳои аз ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) гузаронидашуда ва дигар масъалаҳои марбут ба Лоиҳа аз ҷониби  масъулин ҳисобот дода шуд.

Инчунин дар охир ба тренерон аз намояндаи ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA)Сертификатҳо супорида шуд.

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон