Contact us: +992 783-99-88-77
    HomeNewsNews archiveБаргузории ҷаласаи Иттифоқи касабаи кормандони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории ҷаласаи Иттифоқи касабаи кормандони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

19.12.2022

Санаи 19-уми декабри соли 2022 дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Иттифоқи касаба баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Мирзозода, Раиси иттифоқи касабаи комплекси агросаноатӣ Миралӣ Сафаров, Раиси Ассосиатсияи миллӣ хоҷагиҳои деҳқонии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аёнбек Акрамов ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорат иштирок намуданд.

Дар ҷаласа ҳисоботи сарнозири шарикони иҷтимоии кумитаи марказии Иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии Тоҷикистон М.Дилшодов доир ба рафти иҷрои Созишномаи генералии соҳавӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии Иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии Тоҷикистон ва Ассосиатсияи миллӣ хоҷагиҳои деҳқонии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Инчунин Раиси иттифоқи касабаи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонхуҷа Худойназаров оид ба иҷрои корҳои баанҷом расонидаи иттифоқи касаба дар соли 2022 ахбороти муфассал дод.

Дар охир барои вазифаҳои минбаъда ва дастгирии иҷтимоии кормандон аз ҷониби аъзои раёсат ба масъулин дастурҳои мушаххас дода шуд.  

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон