Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоПаёми табрикии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикитон Каримзода Саъдӣ Ғафор ба муносибати Соли нави мелодӣ

Паёми табрикии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикитон Каримзода Саъдӣ Ғафор ба муносибати Соли нави мелодӣ

30.12.2022

Ҳамватанон ва кишоварзони азиз!

Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ табрику муборакбод менамоям.

Боз як соли азму субот ва бурдбориҳо ба охир расида, дар саҳифаи таърих сабт мегардад. Ва мо бо ҳазорон орзую таманниёти нек соли нави мелодии 2023-ро пешвоз мегирем ва  қадамашро хайру ҳумоюн медонем.

Чун анъана ҳар ҷомеа бо фарорасии Соли нав ба саргузашти яксолаи хеш назар афканда, падидаҳои муҳимро таҳлилу баррасӣ менамояд, хулоса мебарорад, ки соли рафта чӣ нақше аз худ ба ёдгор гузошт ва дар китоби ҳастии миллат чиҳо нигошт.

Агар ба роҳи сипарикардаи мардуми кишвари соҳибистиқлоламон назар афканем, возеҳу равшан мебинем, ки соли 2022 соли бобарори татбиқи сиёсати созандагию бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва вусъатёбии раванди худшиносиву худогоҳии миллии мардуми мо буд.

Тоҷикистони маҳбубу соҳибистиқлоли мо дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии худ қадамҳои устувор ба пеш гузошт. Бо дастур ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати созандагию бунёдкорӣ собитқадамона дар амал татбиқ гардида, тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ба зинаҳои нави пешрафт расид.

 Мо ба соли нави мелодии 2023 қадам гузошта, чун анъана дар назди худ вазифаҳои нав мегузорем, корҳои зиёди ободонию бунёдкорӣ ва созандагиро оғоз кардаем ва умед карда мешавад, ки онҳоро дар муҳлатҳои муқарраршуда анҷом медиҳем.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар Шумоён ҳамватанон ва кишоварзонро ба муносибати Соли нави 2023 табрику муборакбод намуда, бароятон  саломатӣ, умри дароз ва ба хонадони ҳар кадоматон иқболу хушбахтӣ, сулҳу сафо ва файзу баракат таманно мекунам.

Бо эҳтиром Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор