Мулоқоти муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ бо намояндагони (KOICA)
Санаи 09 январ дар вазорат мулоқоти муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо ҳайати гуруҳи кории Корея таҳти сарпарастии муовини директори кишварии Агентии Корея (KOICA) оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Пак Кёнвон баргузор гардид.
Дар вохўри ҷонибҳо масъалаи таҳияи асосноккунии техникию иқтисодӣ ва минбаъд татбиқ намудани Лоиҳаи «К-Smart Farm»-ро баррасӣ намуданд.
Пешнависи лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ таҳия карда шуда, барои баррасии ва маблағгузории KOICA пешниҳод гардида буд. Мақсади лоиҳаи мазкур бунёди гармхонаҳои муосир бо ҷалби инноватсияи Корея ва такмили донишу таҷрибаомўзиии донишҷўёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур мебошад.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби KOICA дастгирӣ гардида, айни замон аз ҷониби коршиносони ин ниҳод баррасии масъалаи таҳияи асосноккунии техникию иқтисодӣ идома дорад.
Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон