ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ НАТИҶАҲОИ ҶАМЪБАСТИИ ВАЗОРАТ ДАР СОЛИ 2022 БАРГУЗОР ГАРДИД.
Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ҷаласаи ҳайати мушовара таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ, сарраёсатҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовара муовини сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лашкар Сафарзода, Раиси иттифоқи касабаи комплекси агросаноатӣ Миралӣ Сафаров, намояндагони Агентиҳои омор, беҳдошти замин ва обёрӣ, хоҷагии ҷангал, Кумитаҳои идораи замин ва геодезӣ, ҳифзи муҳити зист, бехатарии озуқаворӣ иштирок доштанд.
Нахуст маърӯзаи муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ оид ба фаъолияти натиҷаҳои ҷамъбастии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 шунида шуд.
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ бармеоянд ба роҳ монда, оид ба татбиқи сиёсати аграрӣ, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои назаррас ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ, як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Дар соли ҳисоботӣ мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 49,3 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 фоиз зиёд мебошад, аз он ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 33,9 млрд сомониро ташкил дода, 7,7 фоиз ва чорвопарварӣ 15,4 млрд сомонӣ баробар гардида 8,7 фоиз афзудааст.
Дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи маҳсулоти растанипарварӣ 68,8 фоиз ва чорвопарварӣ 31,2 фоизро ташкил дод.
Дар ҷамъбасти соли 2022 дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ҳиссаи ВМКБ 1,5 фоиз, вилояти Суғд 31,7 фоиз, вилояти Хатлон 52,9 фоиз ва шаҳри Душанбе якҷо бо шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13,9 фоизро ташкил дода, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли 2021 дар ВМКБ 1,4 фоиз, вилоятҳои Суғд 12,0 фоиз, Хатлон 6,7 фоиз ва шаҳри Душанбе якҷо бо шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4,9 фоиз зиёд мебошад.
Лозим ба қайд аст, ки суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар муқоиса ба нишондиҳандаи суръати рушди ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,4 банди фоиз афзоиш ёфтааст (дар ҳамин давраи соли гузашта суръати рушд 106,6 фоизро ташкил дода буд).
Зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ якҷоя бо нўшокиҳо 32,0 фоиз, истеҳсоли нассоҷӣ, дўзандагӣ, чарм, маснуот аз чарм ва истеҳсоли пойафзол 7,3 фоиз мусоидат намуд.
Инчунин сардорони сарраёсатҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шуъба ва бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаву ташкилотҳои зертобеи вазорат оид ба нишондиҳандаҳои соҳа ахборот пешниҳод намуданд.
Аз ҷониби Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода аз ҳамаи масъулин пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати андешидани чораҳо барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ноил гардидан ба нишондоҳандаҳои назаррас ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешови муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дода шуд.
Муовини сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лашкар Сафарзода ба сухан баромада, барои иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни мулоқотҳо бо роҳбарон ва фаъолон дар сафарҳои корӣ баён намудаанд, масъулинро вазифадор карда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти минбаъда, истифодаи самараноки замину об, риояи нақшаи кишти зироатҳои кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа дастуру супоришҳо дод.
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон