Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

20.01.2023

Санаи 20 январи соли 2023  дар Вазорати кишоварзӣ мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко Виктор Александрович баргузор гардид.

Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур мушовири Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Клига Геннадий Викентевич ва муовини вазир Зеваршои Зеваршо иштирок намуданд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода оид ба имкониятҳо ва рушди соҳаи кишоварзӣ маълумот дода, ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда дар самти техникаи кишоварзӣ, чорводорӣ ва растанипарварӣ  ибрози назар намуданд.

Инчунин Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко Виктор ҳавасмандии ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Беларусро иброз кард.

Ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва баррасии дигар масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор доданд. 

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.