Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ татбиқ карда мешавад.
18.01.2023
Санаи 18-уми январи соли 2022 дар бинои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ, роҳбари дафтари Созмони кишоварзӣ ва озуқавории Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон Олег Гушкелдиев ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумтаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Агентии хоҷагии ҷангал назди Ҳукумати Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Мақо мотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳринав ҷаласи 1-уми Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав ва Ҳисор баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа барои иштирокчиён “Низомномаи ва нақшаи кории Гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ” мавриди муҳокима қарор гирифта, аз ҷониби кормандони Ташкилоти ҷамъиятии “Хазинаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ” рунамо оид ба “Методология ва натиҷаҳои татдқиқоти интихоби низомҳои мероси потенсиалии кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳринав” муаррифӣ гардид.
Бояд қайд намуд, ки Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ ин объект ва ё минтақаи аҳолинишини махсус мебошад, ки ба таъсири омилҳои беруна тобовар буда аз ҷиҳати агробиогуногунӣ фарқкунанда, дорои донишҳои анъанавӣ, фарҳанги бой ва ландшафт мебошад ва он аз тарафи бошандагони худ (фермерон, деҳқонон, чорводорон, моҳигирон ва ғайра) ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва воситаҳои зиндагӣ истифода мешавад.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон