Паёми табрикии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ба муносибати Иди Сада
28.01.2023
Бо камоли эҳтиром ва садоқатмандии бепоён кулли сокинон ва кишоварзони мамлакатро ба муносибати Иди Сада табрику муборакбод менамоям!
Маҳз бо ташаббуси оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам боло бурдани сатҳи худшиносии миллӣ ва пайвандии насли имрӯза бо асли ориёии хеш ҷашнҳои бостонии Сада, Наврӯз ва Меҳргон эҳё шуда, таҷлили расмии онҳо дар саросари мамлакат ҷашн гирифта мешаванд.
Маврид ба ёдоварист, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимию халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31 - уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.
Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард.Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр) - ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намудаанд, ки «Сада, Наврӯз ва Меҳргон муҳимтарин ҷашнҳои ниёгонамон буда, иди марди деҳқон, фаровониву нишот, дӯстиву рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат мебошад».
Мо кишоварзонро зарур аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини яке аз ҳадафҳои стратегӣ, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо меҳнату заҳмати хеш саҳми арзандаи хешро гузорем.
Бори дигар кулли сокинони мамлакат ва кишоварзонро бо фарорасии Иди Сада табрику муборакбод намуда, хоҳони онам, ки дар Тоҷикистони азизамон фазои Ваҳдату Истиқлолияти комил пойдор ва дастархони мардуми шарафманди мамлакатамон пурнозу неъмат бошад!
Иди Сада муборак ҳамдиёрони азиз!
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон