Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоТаҷлили бошукуҳи Ҷашни Сада дар шаҳри Душанбе

Таҷлили бошукуҳи Ҷашни Сада дар шаҳри Душанбе

28.01.2023

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ ва расму оинҳои суннатии бостонӣ аз нав эҳё гардида, онҳо ҳифз карда мешаванд.
Cанаи 29.01.2023 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисиаи давлатии “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ”- и шаҳри Душанбе "Иди Сада ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ" баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, роҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ, инчунин аҳли илму адаби мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва меҳмонону сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Дар намоишгоҳҳо ҳамаи дастранҷи марди деҳқон, ҳамагуна олотҳои кории кишоварзӣ, кӯчати гулу-гулбуттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ, ниҳолҳои гуногуни дарахтони мевадиҳандаву сояафкан, навъҳои гуногуни тухмиҳои баландсифати дорои сертификат, техникаю мошинолотҳои муосири кишоварзӣ, оҳангариву гаҷкорӣ, хумҳои қадима, пешниҳоди лоиҳаҳои хурду бузург тавассути макетҳо, намоиши дастовардҳои соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, трести чарогоҳ, занбўрпарварӣ, дастур ва китобҳои гуногуни методӣ барои кишоварзону чорводорон, барои пешгирӣ аз ҳар гуна касаливу ҳашаротҳои зараррасон намоиши заҳрдоруҳои гуногуни бо олотҳои дорупошӣ ва камераҳои фумигатсионӣ, намоиши таъомҳои миллии ба ҷашн хос ва ҳунарҳои гуногуни мардумӣ, кулолгариву табақтарошӣ, оҳангариву кашидадузӣ, намудҳои гуногуни варзиш ва дигар дастовардҳое, ки ифодагари ҷашни Сада мебошад, пешкаши ҳозирин намуданд. Дар ҳар гўшаи боғ чорабиниҳои фарҳангӣ, рақсу бозӣ, гулханафрўзиву таронахонӣ ба намоиш гузошта шуда буд, ки ба ҷашнвора ҳусну таровати тоза зам менамуд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода Паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Ҷашни Сада ироа намуд.
Иди Сада ҷамъбасти фаъолияти яксолаи кишоварзон, таҳлили бурду бохти соҳа, тарҳрезии нақшаҳо дар соли нав ва омодагии соҳа ба кишту кори баҳорӣ буда, пешқадамони соҳа аз рўи номинатсияҳои гуногун аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Сипоснома ва тўҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ҷашнвораи мазкур шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, фаровонҳосилии заҳмати кишоварзон, шодию нишот, ваҳдату ягонагии мардуми тоҷик ва эҳёи анъанаҳои миллӣ дарак медод.
Дар фарҷом баҳри болидахотирии иштирокдорон барномаи фарҳангии хосса ташкил гирдид.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон