Связаться с нами: +992 783-99-88-77
    ГлавнаяНовостиАрхив новостейМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Делегатсияи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Делегатсияи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

06.02.2023

Санаи 06 феврали соли 2023 мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Сафири Делегатсияи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кораблис баргузор гардид.
Дар доираи мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи кишоварзӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятнок ибрози назар намуда, оид ба тағйирёбии иқлим, истифодаи имкониятҳои мавҷуда, воридоту содироти молу маҳсулот ва техникаҳои кишоварзӣ, тухмиҳои хушсифат ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон