Баргузории нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
30.01.2023
Санаи 30 январи соли 2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022» баргузор гардид.
Дар кори нишаст Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, муовини сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Лашкар, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ, муовинони вазир, сардорони раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаву ташкилотҳои зерсохтори вазорат ва 26 нафар намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон. ҷаласаро оғоз намуда, оид ба «Натиҷаҳои фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022» маълумот дод.
Баъдан рӯзноманигорон бо саволҳои худ ба Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон муроҷиат намуда, посухҳои зарурии худро гирифтанд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ҳавасмандии хешро ҷиҳати иттилоотонии аҳолӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич бо намояндагони ВАО изҳор намуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон